Бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандорӣ ва дӯст доштани марзу буми кишвар бори аввал бо иқдоми Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонон ва ҷомеа» аз 3 то 7 январи соли равон дар Муассисаи давлатии “Истироҳатгоҳи кӯдакон ва наврасони ба номи 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар доираи лоиҳаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лагери ҳарбӣ — ватандӯстӣ таҳти унвони «Ман — муҳофизи Ватан» ташкил ва баргузор карда шуд.
Таи 5 рӯз хонандагони фаъолу аз лиҳози ҷисмонӣ пурқуввати муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонони синни даъватӣ ба машқҳои низомӣ, семинарҳои омӯзишӣ ва чорабиниҳои ҳарбӣ — варзишӣ ҷалб гардиданд. Ба хонандагон мутахассисони варзидаи соҳа машғулият гузарониданд.