Дар давраи таътили зимистона бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дар толори варзишии «Чемпион» — и ноҳияи Ҷаббор Расулов даври вилоятии озмуни «Волейболбозони беҳтарин» байни хонандагони синфхои 9-11 баргузор гардид.
Мусобиқа тайи се рӯз дар сатҳи баланд доир гардида, 10 даста аз шаҳру навоҳии вилоят барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ саъю талош варзиданд. Дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов туфайли маҳорати баланди варзишӣ мақоми аввалро соҳиб шуданд. Зинаҳои баъдиро дастаҳои хонандагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Конибодом ва ноҳияи Деваштич ишғол намуданд.
Ғолибон бо Диплому Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд. Ёдовар мешавем, ки ба даври мактабӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятии озмун беш аз 5 ҳазор хонандагон ҷалб карда шуданд.