Чаҳор сол инҷониб бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва соли дуввум аст, ки озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад.
Дар ҳар соли баргузории ин озмун дар Низомномаи ин озмунҳо тағйиротҳо ба назар мерасанд. Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки намояндагони онҳо, дар Гимназияи №1 шаҳри Хуҷанд семинар-машварати дастурдиҳӣ оид ба раванди ташкилӣ, баргузорӣ ва тағйиротҳои озмунҳои мазкур бо иштироки ҳайати комиссия ва ҳакамони озмун аз шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.
Нахуст сардори Раёсати маорифи вилоят Набизода М. Р. доир ба моҳияти ин иқдоми шоистаи Пешвои муаззами миллат, нақши он дар кори баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум сухан кард.
Сипас, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйиротҳои Низомномаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» андешаҳои хешро баён доштанд.
Ҳамчунин Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озарахш ва якчанд нафари дигар таклифу пешниҳодҳои хешро оид ба ин масъала иброз доштанд.
Дар интиҳо қайд карда шуд, ки дастаи вилояти Суғд имсол низ кӯшиш меварзад, бо тайёрии пухта дар озмунҳо ширкат варзида, ба натиҷаҳои арзанда сазовор гардад.