Бо мақсади баланд бардоштани эҳсос ва ҳувияти ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, хамкори муассисахои таълими шахри Гулистон бо қисмҳои низоми дар худуди шахрбуда, санаи 25-уми апрели соли 2022 дар қисми ҳарбии кумитаи амнияти миллии «Рӯзи дарҳои кушод» ташкил ва гузаронида шуд.
Дар ин чорабинӣ беш аз 50- нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии №6,10,15 -и шаҳри Гулистон иштирок намуда, бо шароити будубош ва хизмати аскарон, инчунин бо яроқу аслиҳа ва мошинҳои ҳарбӣ шинос шуданд.