Шароити таълиму тарбия ва вазъи зисти тарбиятгирандагони мактаб–парваришгоҳҳо ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Бо дастгирии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи 48 нафар (6 нафар духтар) тарбиятгирандагони Мактаб–парваришгоҳи ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ либосҳои варзишӣ, мактабӣ, пойафзол, қолин, мизу курсӣ барои хонандагону омӯзгорон, ошхона, ҷевонҳои либос, китобмонӣ ва дигар лавозимот ҷудо шуда, бо иштироки намояндаи Раёсати маорифи вилоят дастрас гардиданд.