Дар Муассисаи давлатии “Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ”-и маркази вилоят санаи 16-уми май маросими тақсимоти мутахассисони ҷавон – хатмкардагони риштаи омӯзгории Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” барои идомаи фаъолият дар муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.
Сафармоҳ Сафарова — сармутахассиси Раёсати кадрҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аюб Усмонов — ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, Сайфулло Раҳматов – муовини сардори Раёсати маорифи вилоят дар суханрониҳояшон ба мутахассисони ҷавон барои фаъолияти босамар дар таълиму тарбияи насли ояндасоз равнақу барор орзу карданд.