Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия дар ноҳияи Ашт тадбирҳои муфид рӯи кор омаданд.
Аз ҷумла бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде қабл дар ноҳия биноҳои хуштарҳу замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 барои 720 нафар хонанда, кӯдакистони хусусии “Бунёд” мавриди истифода қарор гирифтанд.