Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд ду – се забони хориҷиро донанд.
Дар ин радиф дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати бахшидани тақвият ба забондонии хонандагон байни синфҳои 4-5 мусобиқа баргузор гардид. Хонандагон туфайли иштирок дар ин тадбир сатҳи забондонии худро боз ҳам беҳтар карданд.