Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар остонаи ҷашни пуршукӯҳу фаромӯшношуданӣ ва таърихӣ қарор доранд. 27 июни соли 1997 дар саросари кишвар Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Воқеан, баҳам омаданҳо ва ваҳдату якдилӣ барои миллати ин сарзамини бостонӣ беҳтарин ганҷ ва сарвати бебаҳост. Инак, 25 сол мешавад, ки дар фазои Тоҷикистон сулҳу амният танинтандоз аст. Маҳз самараи сулҳ аст, ки Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро бо соири кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда, мардуми диёр барои боз ҳам ободу зебо гардидани ватани аҷдодии хеш меҳнати созандаро пешаи худ кардааст. Таъмини сулҳу салоҳи саросарии кишвар ва ваҳдату ягонагӣ боиси эҷоди заминаи боэътимоди рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гардидааст.
Сулҳи бебозгашти тоҷикон неъмати бебаҳои Парвардигор аст ва мо бояд ба қадри ин рӯзҳои хушу осуда ва сулҳу суботи кишвар бирасем. Имрӯз раванди ҳодисаҳои ҷаҳон ҳамаи моро ҳӯшдор медиҳад, ки аз бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи арзишҳои олии миллӣ ва таъмини амнияту оромии кишвар ҷаҳду талош намоем.
Дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари кишвар бо масъулияти баланд аз ҳаводиси воқеаҳои охири ҷаҳони имрӯз ёдовар гардида, таъкид менамояд:
«Мардуми шарифи Тоҷикистон масъулияти имрӯзу фардои кишвар, аз ҷумла ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамонро ба зиммаи мову шумо вогузор намудаанд. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки тамоми азму ирода ва нерӯву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар намоем».
Мутассифона, ҳаводиси охир, ки дар минтақаи Кӯҳистони Бадахшон рух дод, ҳар як шахси ватандӯсту худогоҳро бетараф гузошта наметавонад. Аз расонаҳои хабарӣ иттилоъ ёфтем, ки як гуруҳ ҷавонони гумроҳ бо сарварии Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дар маркази шаҳри Хоруғ даст ба гирдиҳамоӣ зада, талабҳои ғайриқонунӣ намуданд. Чун ба мақсадашон нарасиданд, дар такя бо хоҷагони хориҷии худ дар роҳи байналмилалии “Душанбе – Кулма”, аниқтараш дар ноҳияи Рӯшон ба амалҳои террористӣ оғоз намуданд. Онҳо бо яроқи оташфишоне, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон ворид карда буданд, ин шоҳроҳро баста, мехоҳанд минтақаро ноором кунанд. Албатта, ҳар кас ба сазои амали хеш хоҳад расид ва аллакай бо неруи тавоно афсарону сарбозони диловари Ватан чандин силоҳбадастон ва узви ин гуруҳи террористӣ мубориза оғоз ёфтааст.
Мо боварӣ дорем, ки оромию осудагии Тоҷикистонро ҳеҷ гуруҳ ва ё ҳеҷ шахсияте халалдор карда наметавонад. Барои ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмини амнияту осоиштагии Тоҷикистон дар кишвар тамоми шароит муҳайё мебошад. Неруҳои дохилӣ, амният ва мудофиаи кишвар дар ҳолати омодабош қарор доранд ва намегузоранд, кишвар ба гирдоби ҷангу ҷадалҳо тела дода шавад.
М. Ҳоҷибоева,
вилояти Суғд