Чанде пештар хиёнаткори Ватан – саркардаи “Гурӯҳи 24”, бинобар маълумоти расонаҳои хабарии хориҷӣ дар хориҷи кишвар ҷон бохтааст, ки Умаралӣ Қувватов исм доштааст. Шахсияти ин ватанфурӯш Умаралӣ Қувватов ҳанӯз соли 2012 аввалин бор аз созмон доданаш дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия доирае бо номи “Гурӯҳи 24” садо дода буд. Ӯ дар Тоҷикистон бо кирдорҳои силсилавии вазнин – ҷиноятҳои иқтисодӣ, аз худ кардани амволи ғайр, бо роҳи макру ҳилла ба маблағ соҳиб шудан айбдор шуда, аз кишвар фирор намудааст. “Гурӯҳи 24” мақсади пурғараз дошта, бо зӯроварӣ ба ҳокимият соҳиб гардиданро ҳадаф қарор додааст. Бинобар кирдорҳои ғайриконстутсиониаш “Гурӯҳи 24” тибқи изҳороти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мухолифину ифротгаро эълом гардидааст.
“Гурӯҳи 24” мувофиқи аъмолаш ҷавононро дар руҳияи ифротгароӣ ва экстремистӣ омода кардан буда, нияти ғасби ҳукуматро ғайриқонунӣ, ғайриконститутсионӣ дошта, ниҳоят саркардааш Умаралӣ Қувватов аввали моҳи марти соли равон дар шаҳри бегона – дур аз Ватан сари худро чун гирдоб хӯрдааст. Акнун ҳамсару ду фарзанди ноболиғаш дар хоки бегона сарсону ҳайрон мондаанд.
Мухолифин Умаралӣ Қувватов дар мусоҳибаҳои худ беасос дар ҳаққи Тоҷикистону обу хоку замини муқаддаси ӯро ба воя расонида, туҳмату буҳтон мегуфт, ки аз лиҳози ватандӯстиву миллатдӯстӣ фарсахҳо орӣ буданд. Рафтори разилонаи “Гурӯҳи 24”, ки дар атрофаш чанд тан соҳибкорони норозиро гирд овардааст ва пайравони он бо ҳаракату равияҳои ифротгарову ситезаҷӯйи худ билохира, сари саркардаашро хӯрд.
Ин ва ба дигар равияҳои ифротӣ ҳушдор бояд дод: бузургони миллат ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири модар медонанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон рафтори хоинонаи ин гуна ашхоси хиёнаткорро маҳкум намуда, ба Умаралӣ Қувватов барин ифратгороён шадидан нафрат доранд.
Рауфҷонова М.
Раёсати маорифи вилояти Суғд.