Ҳодисаҳои нангин маро водор сохтанд, ки овоз баланд кунам ва ин суханон бинависам: аз тамоми дигар аъзои гурӯҳҳои муташакилли ҷиноятии ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ қотеъона талаб карда мешавад, ки талаботи қонунҳои амалкунандаро бечунучаро риоя кунанд.Силоҳи ғайриқонуниро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоранд. Ҷинояткороне, ки дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд, ҳоло ҳам имкон доранд, ихтиёран ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир шуда, дар назди қонун ҷавоб диҳанд.
Фарзандони содиқи Ватан – кормандони ҳифзи ҳуқуқ амалиёти зиддитеррористӣ гузаронида, 114 нафар аъзои гурӯҳи террористиро дастгир карданд, ки онҳо оромии сокинони Бадахшонро халалдор мекарданд, аз дасти онҳо силоҳҳои ҷангӣ мусодира карда шуд. Дар натиҷа, чунонки аз хабарҳои расонаҳои ватанӣ огаҳӣ дорам, айни замон вазъият дар ноҳияи Рӯшон ба эътидол омада, идораю муассисаҳо, сохторҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ фаъолияти муқаррарии худро оғоз кардаанд. Сокинон ба фаъолияти рӯзмарраи хеш машғул ҳастанд. Ва хушбахтона, зимни гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ аз миёни сокинони осоишта ягон нафар осеби ҷисмонӣ, ҷонӣ ва молӣ надидааст.
Мо, мардуми ватандӯсту ваҳдатшиор, дар ҳар маврид, чунин амалу кирдорҳои террористони ҷоҳилу беандешаро маҳкум мекунем.
Ш. Сатторов,
Раёсати маорифи вилояти Суғд