Гурӯҳи хурди нохалаф таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии аъзои дар ҷустуҷӯи расмӣ қарордоштаи ташкилоти экстремистӣ – террористии тундгаро Алим Шерзамонов ва ҳаммаслакони ҷиноятии ӯ Холбаш Холбашев, Улфатхоним Мамадшоева бо мақсади халалдор намудани амнияти давлатӣ, зарба задан ба пояҳои сохти қонунии Тоҷикистон бо силоҳу аслиҳаи ҷангӣ мусаллаҳ шуда, нооромиву хатар эҷод карда, ноҳияи Рӯшонро ба таҳлука андохтанд ва оқибат аз нокомӣ сари худ сарозери кардаҳои худ карданд.
Охир, онҳо ҳам обу нону намаки кишвар – Тоҷикистонро хӯрда, ба воя расида буданд – ку?! Имрӯз чаро носипосӣ карда, даст ба ҷиноят заданд?
Дар асл ин гурӯҳи ҷиноятпеша ва аъзои он чӣ ва кӣ шудаанд, ки ба таъкидҳо ва муроҷиатҳои расмии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои қатъи ҳама қонуншиканиҳо итоату риоя накарда, кирдорҳои нанговару инсонгароии хешро давом доданд?!
Инсонбадбинии онҳо оё то ҳамин дараҷа, ки шахсони бегуноҳро таҳқиру ҳақорат ва мавриди лату кӯби шадид қарор доданд. Ҳайфи номи одамӣ бар шумоён разилони террорист, душманони сулҳу суботу оромӣ, — мегӯем мо.
Шайх Саъдии бузургвор гуфта:
Вақте дили дӯстон ба ҷанг озоранд,
Чандон ки на ҷои оштӣ бигзоранд.
Мо давлати соҳибистиқлол, ягона, ҳуқуқбунёд ва озоду демократии худро ҳифз мекунем, дӯст медорем ва гиромӣ медорем!
Д. Сатторова,
Раёсати маорифи вилояти Суғд