Ҷомеаи меҳнатии Раёсати маорифи вилояти Суғд, зерсохторҳои он, ҳайати эҷодии нашрияи “Маорифи Суғд” ва замимаи бачагонаи он – “Дурахшандагон” дар толори маҷлисҳои раёсат филми мустанади “Шикасти фитна”-ро муташаккилона тамошо карданд.
Воқеаҳои филм оид ба хиёнату ватанфурӯшии чор нафар фарзандони нохалафи Бадахшон – Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Холбаш Холбашев, Улфатхоним Мамадшоева, Алим Шерзамонов (муқими яке аз кишварҳои Аврупо, муовини созмони террористии бо ном “Паймони миллӣ”) ба таври возеҳу равшан нақл мекунад.
Кирдорҳои нохалафонаи ин ашхоси ношукру носипос ва ватанфурӯш нафрати кормандони раёсат ва зерсохторҳои онро ба амал овард. Онҳо ба ин амалҳои ғайриинсонии хиёнатпешагон изҳори нафрат намуда, таъкид доштанд, ки ҷинояткорон оқибат аз рӯи қонун ҷазои сазовори худро мегиранд.
Сомона аз тарафи Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи вилоят корбарӣ карда мешавад.