Филми «Шикасти фитна»-родида, гӯё ҷонам дар гирифт. Чаро? Ҳар боре, ки дар бораи оқибатҳои ҷангу нооромиҳои дар кишварҳои хориҷӣ баамаломада мешунавам, аз оромии Тоҷикистони азизамон шукр мегӯям. Вале, мутаассифона, фарзандони нохалаф — хоинони Ватан мехоҳанд, барои пулҳои садақавию ҳароми хоҷаҳои хориҷӣ ба ободии диёр халал расонанд, ҷони чандин бегуноҳонро ба зери ҳавф гузоранд. Ҳар як қадам ва амале, ки барои фитнаву ҷанг анҷом ёфт, нобахшиданист. Чун хизмат ба Ватан-Модар шараф аст, хиёнат ба Ватан баробари хиёнат ба Модар мебошад, ҳеҷ кас бахшидан наметавонад.
Ба мардуми иродатманди Бадахшон гуфтаниам, ки чун ранҷу азоби фитнаро бо чашм диданд, эҳсос карданд, минбаъд сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Ватандорӣ ин хислати хуби инсонист, барои фарди худшинос шараф меоварад.
Навбаҳор Сотқинова,
омӯзгори фанни забон ва
адабиёти тоҷики МТМУ 22,
ноҳияи Спитамен
Сомона аз тарафи Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи вилоят корбарӣ карда мешавад.