285392135_385776860262703_5772978594934321029_n    Санаи 29-уми майи соли ҷорӣ дар Мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе 43-юмин Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
     Дар маросими ифтитоҳӣ мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ,  муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иштирок ва суханронӣ карданд.
    Пас аз маросими ифтитоҳӣ бахшҳо ба кори худ шуруъ намуданд. Сессияи мазкур аз 11 бахш иборат буда, дар он зиёда аз 700 нафар хонанда лоиҳаҳои илмии худро пешниҳод намуданд.285447220_385776903596032_4021497887341729417_n
    Аз вилояти Суғд 280 нафар хонандагон корҳои таҳқиқотии худро шоиста муаррифӣ намуданд.
    Дар асоси хулосаи ҳайяти ҳакамон ба хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд муяссар гардид , ки 33 нафар Узви ҳақиқии Академияи хурди илмҳо, 47 нафар Узви вобастаи Академияи хурди илмҳо, 64 нафар соҳиби Дипломи дараҷаи 1, 59 нафар соҳиби Дипломи дараҷаи 2, 67 нафар соҳиби Дипломи дараҷаи 3 -ум ва 10 нафар соҳиби Ифтихорнома гарданд.
     Дар натиҷа аз рӯи ҷойҳои ба дастоварда ба  хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд муяссар гардид, ки бо ба даст овардани 280 ҷойҳои ифтихорӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ мақоми аввалро ишғол намуда, ғолиби мутлақи озмуни мазкур гарданд.
     Лозим ба таъкид аст, ки хонандагони вилояти Суғд- ғолибони озмун бо дипломҳои соҳибдараҷа, аъзои пайваста ва вобастаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин фаъолон бо «Ифтихорнома»- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон қадршиносӣ карда мешаванд.
    Гуфтанист, ки даври вилоятии сессияи мазкур дар асоси фармоиши Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд даҳаи сеюми моҳи апрел бо иштироки беш аз 700 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд пуршукӯҳ доир гардида, беҳтаринҳо муайян ва ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат ба даст оварда буданд.
     Ҳаракати Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд тибқи Низомномаи тасдиқкардашуда аз ҷониби Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд назорат карда шуда, имрӯз дар пояи марказҳои таҳсилоти иловаги шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 70 адад маҳфилҳои равияи Академияи хурди илмҳо мавҷуд буда, дар кори он беш аз 5 ҳазор хонандагони муассисаҳои таълимӣ ҷалб карда шудаанд.
    Сол аз сол афзоиш ёфтани теъдоди хонандагон ба корҳои илмиву тадқиқотӣ бозгӯ аз таваҷҷӯҳи хонандагон ба илмомӯзиву равнақ додани корҳои таҳқиқотӣ гувоҳӣ медиҳад.
    Имсол 43 — умин сессияи бахории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020-2040 бахшида шуда, он аз фанҳои дақиқ баргузор карда шуд.
    Дастоварди арзандаву шоиста ва музаффарияти навбатиро ба хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд ва омӯзгорону волидайни онҳо сидқан шодбош мегуем.

 

285445883_385776623596060_6238847761169476152_n 285432133_385776820262707_6960172213703140624_n 285392135_385776860262703_5772978594934321029_n 285281666_385776780262711_2348006528926710824_n 285280592_385776700262719_5912068014471913306_n 285269377_385776646929391_5665250660981871553_n

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>