Ҳар шахсе, ки аз ҳавои сурурангези Истиқлоли давлатӣ ва фазои гуворои Ваҳдати миллӣ нафас кашида, баҳра мебардорад, дар ин сарзамини биҳиштосои қиёснопазир – Тоҷикистони маҳбубу азизу муътабар зиндагӣ мекунад, кору эҷод менамояд, бояд талош варзад, ки масъулияти шаҳрвандӣ миёни ҷомеаи муосир барои муборизаи беамон ба муқобили падидаҳои манфии иҷтимоӣ – мисли коррупсия ва ҷиноятҳои трансмиллӣ, терроризм ва экстремизм, ки таҳдиду хатари ҷиддӣ ба соҳибистиқлолӣ ва соҳибваҳдатӣ мебошад, баланд бардошта шуда, он ба фаъолияти доимӣ ва бомароми ҳар узви ҷомеаи муосири мо қарор бигирад. Масъулияти инсони комилу худшиносу худогоҳи ватандӯст аслан ҳамин аст!
Истиқлоли давлатӣ ва ҳамдигарфаҳмии аъзои ҷомеа буд, ки дар қаламрави Тоҷикистони маҳбубамон сохтмони бинои истиқоматӣ, таъмиру тармими мактабу кӯдакистонҳо ва бунёдсозии онҳо, мумфарш намудани роҳҳо, таъмир ва сохтмони пулҳои замонавӣ, иншоотҳои обёриву хизматрасонӣ аз ҷониби давлату Ҳукумат, соҳибкорону шахсони меҳанпарвар ба ҳукми анъана даромадааст ва ин иқдомҳо аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар истиқболи гарму самимиро ба миён меоварад.
Барои ҳамаи ин иқдомҳои вусъатбор моро зарур аст, шукрона намоем, дилсофу ғайратманд бошем.
Шӯҳрат Сатторов,
корманди Раёсати маорифи вилояти Суғд