Имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят аттестатсияҳои аз синф ба синфгузаронидан ва хатм бомуваффақият ҷараён доранд.
Санаи 8 июни соли равон намояндаи Раёсати маорифи вилоят бо намояндаи Раёсати маорифи шаҳри Истаравшан рафти баргузории аттестатсияҳоро дар як қатор муассисаҳои таълимии шаҳр назорат карданд.
Оид ба боз беҳтар намудани раванди аттестатсияҳои аз синф ба синфгузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таълимӣ маслиҳатҳои муфид дода шуданд.