Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати самаранок истифода бурдани заминҳои назди муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд тадбирҳои мушаххасу ҳадафманд андешида шудаанд.
Бино ба иттилоои мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳия Фарҳод Эрматов дар ҳамаи заминҳои 44 муассисаи таълимӣ, ки 7 гектару 15 сотихро фаро мегирад, пурра кишти зироатҳои кишоварзиву полезиҳоро гузаронидаанд. Дар қитъаҳои алоҳида кишти картошка, сабзӣ, лӯбиё, нахӯд, помидор, бодаринг, пиёз, мош, қаламфури булғорӣ, турбу шалғам, кабудиҳо гузаронида, беш аз 7000 дона гулҳои ороишӣ парвариш карда мешаванд.
Айни замон ҷамъоварии ҳосили картошка, помидор, бодаринг, пиёз, нахӯд ва сабзӣ давом дошта, дар 2 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст.
Бино ба таъкиди масъули шуъбаи маориф дар МТМУ №№ 3, 9, 14 баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат омӯзгорону хонандагон чораҳои амалӣ андешида, заминҳои назди муассисаро самаранок истифода бурда, ҳосили хуби зироатҳоро рӯёнидаанд.
Дар ин масир омӯзгорону хонандагон дар давраи таҳсилу таълим ва таътил баҳри баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, оқилонаву пурсамар истифода бурдани оби полезӣ, тарзу тариқи ҳосилрӯёнӣ ва таҳкими раванди меҳнатдӯстӣ, шуғли боманфиат кӯшиш ба харҷ медиҳанд.