Тибқи нақшаи Маркази таҳсилоти иловагии вилоят санаи дар толори Марказ чорабинӣ бахшида ба 25- солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар ин чорабинӣ аз коммисариати ҳарбии вилоят майор Қосимов Фирӯз – ёрдамчии калони сардори шӯъбаи даъват ва тайёрӣ ба хизмати ҳарбӣ, лейтинанти калон Иномов Саидҷон –сардори клуби варзшии Артиши гарнизони Суғд, аз қисми ҳарбии 3501 – и шаҳри Хуҷанд панҷ нафар афсарони қаторӣ ва 70- нафар аъзоёни маҳфилҳои Марказ ва роҳбарони маҳфилҳо иштирок намуданд. Аз тарафи аъзоёни маҳфилҳои «Донандагони забони русӣ», «Суруди якка», «Ҳунарҳои миллӣ», «Донандагони забони англисӣ», «Буррандагӣ – дӯзандагӣ», «Бофандагӣ» ва «Машшотӣ» дар мавзӯи: Ватан, Тоҷикистон, Модар, Сулҳ шеъру суруд қироат намуданд.
Гурӯҳе аз аъзоёни маҳфил бо саҳнаҳои ҳазлангези худ таъби ҳозиринро хуш намуданд.
Инчунин аз тарафи аъзоёни маҳфил саҳнача бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Атриши миллӣ намоиш дода шуд.
Қосимов Фирӯз – ёрдамчии калони сардори шӯъбаи даъват ва тайёрӣ ба хизмати ҳарбӣ ва афсарон аз қисми ҳарбии 3501 ВКД дар шаҳри Хуҷанд дар поёни ҷаласаи тантанавӣ суханронӣ намуда, аз фаъолияти хизматии худ нақлҳои диққатҷалбкунанда намуда, ҷавононро ба ватандӯстӣ, меҳанпарварӣ ва хизмат намудан ба Ватан- Модар-ро талқин намуданд
Дар ҷамъбасти чорабинӣ аз тарафи маъмурияти Маркази таҳсилоти иловагӣ ба афсарон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.