Бо ибтикори китобхона-бахши 2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар МТМУ №47-и Ҷамоати деҳоти Ёва маҳфили адабӣ-фарҳангӣ бахшида ба 80-солагии рӯзноманигор ва нависандаи шинохтаи тоҷик Маҳмудбеки Бобобек таҳти унвони «Қалбе, ки ба хотири сухан саршор аст» баргузор гардид. Хонандагон аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодии нависанда ёдовар шуданд. Гуфта шуд, ки Маҳмудбеки Бобобек дар рӯзномаҳои «Бо роҳи Ленинӣ» (ҳоло «Хуҷанд») ва «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») ба ҳайси мусаҳҳеҳ, ходими адабӣ ва корманди котибот кор карда, маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои «Раҳгумзада», «Айёми бебозгашт» ва «Умри безавол»-ро ба табъ расонидааст. Соли 1973 дар озмуни ҷумҳуриявии ҳаҷвнависон «Хорпуштак» ғолиб омада, соҳиби мукофот гардидааст. Дар қисмати дуюми маҳфил шеърҳо қироат карда шуданд ва суруди «Ватан» сароида шуд. Мусиқии най дар иҷрои Муҳаммадзоҳир Мамадҷонов хотираи ҳамагонро болида гардонд ва намоши саҳнача аз рӯи ҳикояи «Ҳамсояҳо» писанди аҳли нишаст гардид. Меҳмонони маҳфил, шоирон Абдуфаттоҳ Кулолӣ, Муаттара Ғаниева, рӯзноманигорон Файзуллохӯҷа Атохӯҷаев, Набиюллоҳ Суннатӣ хотираҳояшонро ифшо намуданд. Набераи соҳибҷашн Мавзуна Бобобекова ба ташкилкунандагони маҳфил изҳори сипос намуд.

Дарси ҳисоботӣ

           Таҳти роҳбарии омӯзгор Саломат Турсунова дар синфи 10-уми МТМУ №47-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дарси ҳисоботӣ аз фанни забони русӣ баргузор гашт. Мавзӯи дарс «Наҳви ҷумлаҳои оддӣ» ва «Ҳаёт ва фаъолияти И.В.Некрасов» буд. Қисмати ташкилии дарс бо пешниҳоди маълумот доир ба Тоҷикистон ва шеъру гуфторҳо дар васфи забони русӣ оғоз шуд. Хонандагон аз рӯи 2-3 навъи варақаҳои тестӣ кор карда, дар тахтаи синф ҷумлаҳои гуногунро таҳлил карданд.

             Доир ба зиндагӣ ва корҳои эҷодии шоири рус И.В.Некрасов порчаҳо хонда шуд ва шеърҳо қироат гардид. Дар мавзӯи «Иҷлосияи 16-ум», «Соли Ҷавонон», «Даҳсолаи байналмиллалии амал об барои рушди устувор, 2018-2028» бозии «Чархи андеша» гузаронида шуд, ки дар он толибилмон фикри ақидаҳои худро иброз намуданд. Дар машғулияти «Дарахти суолҳо» онҳо ба пурсишҳои дар қафои қоғазмеваҳо навишташуда посухҳои мушаххас доданд.   Навори телевизионӣ дар мавзӯи об намоиш дода шуд.

            Дар ҷамъбаст ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ Дилором Ниёзматова ва омӯзгорон Ҳусейн Ботуров, Заррина Қодирова фикру ақидаҳои хешро бобати дарс иброз намуда, ба омӯзгор Саломат Турсунова барор хостанд.

 

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>