Санаи 20 октябр бо иштироки кормандони Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, сарварони муассисаҳои зертобеъ ва намояндагони васоити ахбори омма ҷаласаи мушовараи Раёсати маорифи вилоят доир гардид, ки ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи маорифчиён бахшида шуд.
Ҷаласаи мушовара бо сухани ифтитоҳии сардори Раёсати маорифи вилоят, доктори илмҳои таърих, профессор Каримзода Осим Қосимӣ оғоз ёфт.
Баъди шунидани ҳисобот оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи Раёсати маорифи вилоят масъалаҳои зерин: натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо оид ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2017, рафти аттестатсияи тирамоҳӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи тестӣ ва дохилшавии довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ дар соли таҳсили 2017-2018, рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» дар шуъбаи маорифи шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Ҷаббор Расулов, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш ва мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, ҷараёни татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017, №177 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018», иштироки марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар чорабиниҳои вилоятӣ, натиҷаи омӯзиши фаъолияти Марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии шаҳри Конибодом ва ноҳияи Зафаробод, вазъи ба таълими ҳатмӣ фаро гирифтани кӯдакону наврасони синни мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, вазъи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон баъди хатми мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси омӯзгорӣ ба ҷойи кор, натиҷаи рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот, таъминоти кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва вазъи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, № 197 “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омузгорони ҷавон” дар шаҳру ноҳияи Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасишуда сардори Раёсати маорифи вилоят аз шахсони масъул пурсиш ба амал овард.
Дар рафти ҷаласаи мушовара ҳамчунин ба таври илова масъалаҳои пардохти маблағи китобҳои дарсии иҷоравӣ, обуна ба нашрияҳои соҳавӣ, аз ҷумла рӯзномаи «Маорифи Суғд» ва замимаи он «Дурахшандагон» таҳлилу баррасӣ гардиданд.
Ҷаласаи мушовара бо вазифагузориҳои сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ба анҷом расид.