Аз 26 то 29-уми июни соли 2022, дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ вилояти Бадахшон, шаҳри Хоруғ даври ниҳоии Олимпиадаи илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз фанҳои риёзӣ ва илмҳои дақиқ (математика ва химия-биология) барои хонандагони синфҳои 9-10 баргузор гардид.
Дар Олимпиадаи мазкур ғолибони даври интихобӣ аз фаннҳои химия-биология ва математика иштирок намуданд.
Баъд аз ҷамъбасти Олимпиада, кори доварон нишон дод, ки 4 нафар хонандагони вилояти Суғд ду ҷойи 1, як ҷойи 2 ва як ҷойи 3 ро сазовор гаштанд.