Дар асоси мактуби Муассисаи давлатии «Маркази Ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» аз 21.06.2022, таҳти № 06/1-136, рӯзи 25-уми июни соли 2022, дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе, даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи «Spelling Bee» ва Олимпиада оид ба «шоҳмот» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, баргузор гардид. Дар Олимпиадаи «Spelling Bee» 60 нафар ғолибони даври минтақавӣ, 24 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 36 нафар аз муассисаҳои намуди нав иштирок намуданд. Баъд аз ҷамъбасти Олимпиадаи мазкур, кори доварон нишон дод, ки 6 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ва 6 нафари дигар аз мактабҳои намуди нав сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.