Дар театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ ва директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашурматов озмуни вилоятии “Техникони наврас” баргузор гардид.
Мақсад аз гузаронидани ин озмун ҷалби бештари хонандагон ба равияҳои техникӣ, бедор намудани шавқи онҳо ба озмуни “Техникони наврас”, омӯзиши техника ва ихтироъкорӣ, вусъат додани интихоби касб дар байни хонандагон аз тарафи масъулин арзёбӣ шуд.
Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт зимни баромади худ қайд кард, ки бо дастгирии мардуми саховатманди ноҳия, ҷомеаи омӯзгорон ва соҳибкорон тариқи ҳашар сохтмони бинои Маркази таҳсилоти иловагӣ, ки соли 2002 дар натиҷаи сухтор корношоям гардида буд, барои фаъолият сохта ба истифода дода мешавад. Хушбахтона имрӯз корҳои сохтмонӣ ва пардозкунӣ ба охир расида, Маркази таҳсилоти иловагӣ дар арафаи ба истифода супоридан қарор дорад.
Фирдавс Ашурматов директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд зимни суханронии худ иброз дошт, ки баргузории озмуни вилоятии «Техникони наврас» бозгӯ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф мебошад. Ӯ иброз дошт, ки даври минтақавии озмун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят пуршукуҳ баргузор гардида аз 3000 иштирокчиён наздик 300 нафар хонандагони фаъол ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.
Озмуни вилоятии “Техникони наврас” аз рӯи 7 бахш – радиоконструкторӣ, авиамоделӣ, машинаҳои ояндаи коинот, автомоделӣ, киштии ояндаи обӣ, шаҳри оянда ва ихтироъкорӣ доир гардид, ки дар он беш аз 300 нафар хонандагон аз 17 шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Инчунин ба ин озмун ба ҳайси довар Набиҷон Муҳаммадҷонов сармуаллими кафедраи технологияи ДДХ, Муродҷон Қӯзиев дотсенти кафедраи технологияи ДДХ, Валӣ Қобилов дотсенти Донишкадаи куҳӣ металлургии Тоҷикистон, Уктам Юлдошев корбари пешбари илмии Маркази илмии Хуҷанди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Ҳусейнов мушовири маркази миллии патенту иттилоот дар вилояти Суғд ва Ҳакимҷон Шамсиев намояндаи маркази патенту иттилоот дар вилояти Суғд даъват шуда буданд.
Дар ҷамъбасти озмуни вилоятии “Техникони наврас” дастаи хонандагони шаҳри Хуҷанд ҷои аввал, дастаи шаҳри Конибодом ҷои дуюм ва дастаи ноҳияи Ашт ҷои сеюмро ишғол намуда, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии раёсати маорифи вилояти Суғд қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни вилоятии “Техникони наврас” бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ва бо дастгирии Раёсати маорифи вилояти Суғд ҳамасола гузаронида мешавад.