Дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят, ки дирӯз бо иштироки сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони масъули дастгоҳи раёсат баргузор гардид, як қатор маъалаҳои муҳим ва мубрами соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳозирин аввал пешниҳодҳои Прокуратураи вилояти Суғд аз 15.11.2019, №8/356-19 “Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда вобаста ба ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020”, аз 19.11.2019, №14/43сод-19 “Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда”-ро муҳокима намуда, ҷиҳати ислоҳи эродҳои баёншуда масъулинро вазифадор намуданд. Сипас муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов аз натиҷаи баргузории рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот, таъминоти кадрӣ ва фарогирии хонандагон ба зинаи сеюми таҳсил дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияи Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ гузориш дод.
Дар идомаи ҷаласа инчунин масъалаҳо бобати фаъолияти комиссияҳо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Конибодом ва Ашт, натиҷаи санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Панҷакент, санҷиши иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017, №281 «Дар бораи тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Деваштич ва Истаравшан, таҳлил ва ҷамъбасти ҳисоботи омории шакли ТМ-1 ва КОМ-1, вазъи таълиму тарбия ва қабули хонандагон дар мактаб-интернатҳои вилоят, рафти амалишавии Консепсияи миллии тарбия дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Спитамен ва Мастчоҳ, натиҷаи ҷамъбасти ҳисоботҳои омории МТТ-1 ва БМТ-1 дар соли хониши 2019-2020, вазъи иҷрои нақшаи курсҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф дар 9 моҳи дар соли 2019, рафти иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.06.2014, № 353 “Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” дар ноҳияҳои Ашт ва Зафаробод мавриди гуфтугӯи васеъ қарор гирифтанд.
Сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода зимни таҳлилу баррасии масъалаҳои зикршуда баён дошт, ки сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф ва шахсони масъул ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳое, ки дар пешниҳодҳои прокуратура зикр шудаанд, тадбирҳои амалӣ андешанд. Саривақт гузаронидани ротатсияи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, дар шакли пурра пешниҳод намудани ҳисоботҳои оморӣ, ҷамъбасти муваффақиятноки маъракаи оммавӣ- сиёсӣ обуна ба нашрияҳои даврии соли 2020, тайёр намудани омӯзгорони болаёқат ҷиҳати иштирок ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз масъалаҳое буданд, ки сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода перомуни онҳо муфассал истода гузашт.