Санахои 10-12 январи соли 2019 дар муассисаи таълимии томактабии № 18-и ш.Душанбе озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он 5-нафар ғолибон аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шахри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар чамбаст мураббии муасисаи таълимии томактабии шаҳри Хуҷанд, ВАЛИЕВА ХАНИФА сазовори ҷои якум гардид.
Ҷамъбаст бо иштироки муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Л. Назирӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Голиби озмун Валиева Ханифа бо Ҷом, дипломи дарачаи як ва мукофотпулии яквакта сарфароз гардонида шуд. Хамчунин аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотпулӣ кадрдонӣ карда шуд.
Бояд кайд намуд, ки таи 5-соли охир мураббиёни вилояти Суғд дар озмуни “Мураббии солит Тоҷикистон” ҷои аввалро ишғол менамоянд.