Ҳанифа Валиева, мураббия аз кӯдакистони №27-и шаҳри Хуҷанд бо дарёфти 97 хол дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” дар вилояти Суғд пирӯз гашт
Даври ниҳоии озмуни вилоятии «Мурaббияи сол» дар мактаби барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд, бо иштироки намояндагони 6 шаҳру навоҳӣ аз рӯи 5 шарт баргузор гардид.
Ҳанифа Валиева таҷрибаи беш аз 10 соли мураббиягӣ дошта, аз фаъолтарин мураббияҳои кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд мебошад.
Aкнун Ҳанифа Валиева маҳорати худро дар даври ҷумҳуривии озмуни «Мураббияи сол», ки моҳи январи соли 2019 дар шаҳри Душанбе сурат мегирад, мавриди санҷиш қарор медиҳад.