Як шиносам, ки аз илму маърифат, донишу фарҳанг бархурдор мебошад, гуфт: — ба назарам, барои он ки аз таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон сабақҳои даркориро гирифта бошем ва дигар ба иштибоҳе, ки солҳои 90-уми асри гузашта карда будем, роҳ надиҳем, бояд онро ҳаматарафа омӯзем, омӯхта бошем ва дар мактабу донишгоҳҳои қаламрави ҷумҳуриамон таълим додан ба мақсаду мувофиқ мебошад.
Коршиносон мегӯянд, ки оғози болоравии иқтисоди ҷумҳурӣ маҳз баъд аз ба имзо расидани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” дар 27-уми июни соли 1997 ба мушоҳида мерасад.
Ва дар зоти худ нодири сулҳи тоҷикон на танҳо аҳамияти дохилимиллӣ, балки арзиши муҳимми байналмилалӣ низ дошт, таваҷҷуҳи алоҳидаву асосӣ ва фавқуллодаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфуз ба он гувоҳӣ додаасту имрӯз ҳамин раванд идома дорад.
Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ – ин рӯзи саид, рӯзи мубораку фархунда ва таърихӣ ба авроқи ҳаёти давлату миллат собит шудааст.
Шоҳина Шамсиева,
хабарнигори “Дурахшандагон”