Бино бар иттилои директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Исфара Қаноатхон Абророва дар даври аввали олимпиадаи байналмилалии “IMAS” (International Mathematics Assessments for Schools), ки дар мактаби хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд байни хонандагони синфҳои 3-9 аз фанни математика баргузор гардид, 53 нафар хонандаи болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.
Аз онҳо 29 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.
Аз ҷумла, аз литсейи №5 6 нафар, литсейи №1 5 нафар МТМУ№12, 6 ва литсейи №3 3 нафарӣ ба дарёфти ҷойи ифтихорӣ шарафёб гардидаанд.