Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии COVID -19 дар асоси дастуру вазифагузориҳои Раёсати маорифи вилоят маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 ба номи Алишер Навоии шаҳри Гулистон дар ҳудуди маҳалла бо сокинон вохӯрӣ доир намуда, дар бораи роҳҳои мубориза ба ин беморӣ дастурҳои мушаххас медиҳанд.
Зимни вохӯриҳо таъкид шуд, ки бемории мазкур табобатшаванда аст ва пизишкони кишвар бо истифода аз имконияту дониши худ ба таври шабонарӯзӣ дар хидмати беморон қарор доранд.
Дар рафти вохӯриҳо ба аҳолӣ ниқоби муҳофизатӣ ва маҳлули антсептикӣ ройгон тақсим карда шуд.