Санаи 25 — апрел кормандони шӯъбаи маорифи ноҳияи Ашт аз раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 2, 17, 65 дидан намуданд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки давомоти хонандагон хуб буда, дар рӯзномаҳои хонандагон камбудиҳои ҷузъӣ, ба монанди кам будани баҳо, аз тарафи волидайн назорат накардан, дар журналҳои синфи ислоҳи баҳо ба назар мерасанд. Ҳамзамон, кормандони шуъба ҷиҳати қабулшавии хонандагони синфҳои 11 тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳҳои олӣ маслиҳатҳои методӣ доданд.