Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба тавсеа ёфтани терроризм, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Пушти ин амалҳои нопок аъзои Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ қарор дошта, мехоҳанд, ба ҳар роҳу восита авзои сиёсии ҷомеаро ноором созанд.
Бархе аз ҷавонони гумроҳ имрӯз шомили ин гурӯҳи ҷоҳил шуда, дур аз ёру диёр, хиёнат ба Модари хешу Ватани азиз карда истодаанд. Яке аз онҳо Муҳиддин Кабирӣ мебошад, ки бо номи поки Ислом ҷавононро ба сӯйи даҳшату ваҳшоният кашида истодааст. Аслан худи ӯ дар бораи ин дини муқаддас чизе намедонаду бо шарикии бархе аз нимчамуллоҳои атрофи хеш ҷавононро ба ҷиҳоду дигар кирдорҳои ваҳшиёна даъват намуда, ҳазорон ҳазор гумроҳшудагонро ба доми марг афтондаю дур аз зану фарзанд намудааст.
Муҳиддин Кабирӣ муддати якчанд сол аст, ки мардуми Точикистонро осуда зиндагӣ кардан намегузорад ва аз хориҷа истода, бо фармони хоҷагони хориҷиаш обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷахонӣ паст карда истодааст. Ӯ бо аъзоёни ба ном Хизби назҳати исломӣ, аммо дар асл ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ солҳои 90-уми асри гузашта як маротиба халқи тоҷикро бо ҳам ҷанг андохта, Тоҷикистони азизи моро ба хоку хун оғушта карда буданд. Маротибаи дуюм Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш моҳи сентябри 2015 кӯшиш карданд, ки Тоҷикистони гул-гул шукуфта истодаро ба хоку хун оғушта кунанд, аммо халқи бошарафи тоҷик ингуна ашхоси нокасу палидро ба хубӣ шинохтаанд ва дигар ба доми фиреби онҳо намеафтанд.
Муҳиддин Кабирӣ дар сомонаҳои интернетӣ худро сафед кардан мехоҳад ва дар байни мардум худро монанди мусича бегуноҳ нишон медиҳад. Имрӯз пайравони вай зери шиори ӯ ва нақшаву мароми ташкилоташ лоф мезананд, аммо намегӯянд, ки чаро Муҳиддини пешвои ТТЭ ҲНИ дар рӯзи марги модараш кампири Сочак ва падараш бобои Тилло ҳузур надошт? Намегӯянд, ки чаро Муҳидин Кабирӣ, миллату давлат, дину оин ва мазҳаби худро фурӯхт. Намегӯянд, ки чаро 1 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоиро барои табадуллоти Тоҷикистон ба генерали хоин Назарзода Абдуҳалим додааст? Ин ҳама гувоҳи он мебошад, ки Муҳиддин Кабирӣ як ватанфурӯши хоин аст.
Воқеоти моҳи сентябри соли 2015 суҳбат ва ҳамкории хиёнаткорону террористоне, чун Кабирию Назарзодаро пурра собит сохтанд. Ҳарчанд худи Кабирӣ ёдовар мешавад, ки ӯ бо Назарзода ҳамкорӣ доштааст, вале рӯзноманигори иғвогар махсусан таъкид менамояд, ки амалҳои Назарзода қувваи дасти шумо нест! Яъне, Кабирӣ худ мегӯяд, ки амалҳои террористонаи сентябрӣ нишонаи дасти ӯянд, лекин рӯзноманигор бечоранолии ин террористро таъкид медорад. Ин ҳама воқеаҳо исботи он ҳастанд, ки Муҳиддин Кабирӣ як хоини ватанфурӯш аст.