Аз баъзе расонаҳои бо ном “демократӣ”, “озодандешӣ” ва “мустақил”, инчунин аз шабакаҳои интернетиву иҷтимоӣ аз чаҳор сӯйи дунё ҳар шабу ҳар рӯз, ҳар соату ҳар лаҳза хабари маргу таъқиб, таҳдиду хатанр, ҷангу ноамонӣ, террору муноқишаҳои шеваҳои гӯшношиниду ғайриинсониву разилиро мехонем. Барои қудратхоҳон, ҷойхоҳон аз кишварҳои алоҳида, ба истилоҳ, ҳомиёни ҳуқуқи башар оташафрӯзӣ дар миёни миллатҳо, одамони бегуноҳ дар ақсои олам як кору амали маъмулӣ ва ё муқаррарӣ шудааст. Ин басо риққатовару нобахшиданист.
    Коршиносон таъкид мекунанд – бо баҳонаи макоронаи дифоъ аз ҳуқуқи инсонҳо, демократикунонии ҷомеаҳо ҳазорҳо мардуми хурду калонсоли бегуноҳ ҳаёти худро аз даст медиҳанд, ифротиёну дилсияҳҳо ба занону кӯдакону мӯйсафедон раҳме намекунанд, миллионҳо миллатҳои бумиро бехонаву бесарпаноҳ месозанд, оқибат онҳо бе ҷойи зист мемонанд.
      Ва таҳлилҳо собит менамоянд, ки амалҳои анҷомдодаи террористону экстремистон бештар ба дину мазҳаб робита дошта, рушди илму техника ва инсонияту зиндагии онро инкор мекунад.
Аз адабиёти соҳавӣ маълум мешавад, ки ифротгароии динӣ ин як навъ кӯшиши аз дидгоҳи танги динию мазҳабӣ асоснок кардани фаъолияти гуногунҷабҳаест, зӯран ғасб кардани ҳокимият, барангехтани душманию бадбинӣ миёни намояндагони динҳои мухталиф, халадор намудани сулҳу субот ва якпорчагии давлатҳо равона шудааст.
    Дар робита ба ин, барои пешгириии зуҳуроти экстремистию террористӣ ба масъалаҳои ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, тавсияи корҳои равонӣ, ки ба пешгирии хушунат мусоидат менамояд, маҳдудияти иҷтимоии гурӯҳҳои террористӣ, маҳдуд намудани онҳо аз дастгириҳои дохилӣ ва берунӣ, ошкор ва нест кардани сарчашмаҳои маблағгузорӣ, рушди сиёсати давлатии мубориза бо терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимою сиёсӣ, ҳамоҳангсозии неруи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, хосса пешгирӣ ва мубориза бар алайҳи терроризм бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.
Барои муборизаи мақсаднок ва пайваста зидди зуҳуроти номатлуб – терроризм дар байни наврасон ва ҷавонон донишу маърифати комил, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва суботи иродатмандӣ аз ҳар ҷиҳат муҳиму зарурист.
      Дар ин росто, хурду калонсолони диёрамон бояд мавқеъшинос бошанд. Аз ин лиҳоз, дар роҳи тарбияи мақсадноки ояндасозон ба тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии онҳо эътибори ҷиддӣ додан шарт аст. Бинобар ин мо — кормандони нашрияи вилоятии “Маорифи Суғд”, ки муассисаш Раёсати маорифи вилоят мебошад, фаъолияти касбии хешро ба он равона сохтаем, то дар саҳифаҳои нашрия масоили ватандӯситиву меҳанпарастии мактабиён, тарбияи ахлоқи ҳамида, дӯстиву рафоқатӣ, ҳурмату эҳтироми бузургсолон, баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон, фаъолияти ба замон ҷавобгӯ будани омӯзгорони макотиби вилоят дар ин раванд, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” саҳеҳу воқеъбинона инъикос гарданд.
Файзулло АТОХОҶАЕВ,
котиби масъули нашрияи
“Маорифи Суғд”

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>