Санаи 28 ноябр дар муассисаи ғайридавлатии таълимии «Паймони азизон» даври ниҳоии озмунҳои «Мураббии соли Тоҷикистон- 2017» ва «Муаллими соли Тоҷикистон- 2017» баргузор гардид. Довталабон аз рӯи шарти панҷуми озмунҳо – муаррифӣ донишу маҳорати касбии худро намоиш доданд.
Ҳар ду озмун ба таври кушод, бо иштироки васеи омӯзгорону мураббиён, намояндагони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, собиқадорони соҳа, кормандони воситаҳои ахбор ҷараён гирифт. Қабл аз оғози озмунҳо сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода дар назди аҳли толор суханронӣ намуд ва ба довталабон барору комёбӣ таманно кард.
Дар даври шаҳриву ноҳиявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон- 2017» 11 нафар ширкат варзида, 5 нафари онҳо – Дилрабо Миркалонова, мураббии кӯдакистони №4, шаҳри Бӯстон, Нигинаи Бобомурод, мураббии кӯдакистони №11, шаҳри Панҷакент, Таҳмина Абдуалиева, мураббии кӯдакистони №23, шаҳри Хуҷанд, Муслима Анварова, мураббии кӯдакистони №1, ноҳияи Спитамен ва Меҳрангез Исмоилова, мураббии кӯдакистони №8, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар даври вилоятӣ ширкат варзиданд,
Аз рӯи шарти шиносоӣ Меҳрангез Исмоилова соҳиби 25 хол гардида, шумораи умумии холҳояшро ба 111,5 расонид. Зинаҳои баъдиро Дилрабо Миркалонова, Таҳмина Абдуалиева, Нигинаи Бобомурод ва Муслима Анварова ишғол намуданд.
Дар даври ниҳоии озмуни «Муаллими соли Тоҷикистон- 2017» низ 5 нафар- Сафарҷон Раҷабов аз ноҳияи Зафаробод, Раъно Икромова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Адолат Ҳайдарова аз шаҳри Хуҷанд, Наргиза Абдувалиева аз шаҳри Бӯстон ва Раҳима Норматова аз шаҳри Гулистон иштирок карданд. Аз байни онҳо омӯзгори МТМУ № 14, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раъно Икромова аз рӯи шарти муаррифӣ холи аз ҳама зиёдтар ба даст овард. Дар ҷамъбасти ҳар ду озмун сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода андешаҳояшро баён дошта, таманно намуд, ки намояндагони вилоят дар даври ҷумҳуриявӣ низ фаъолона иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври ҷумҳуриявии озмунҳои «Мураббии соли Тоҷикистон- 2016» ва «Муаллими соли Тоҷикистон- 2016» намояндагони вилояти Суғд Заррина Рӯзиева ва Замира Рустамова ғолиб гардида буданд.