Ҷиҳати баланд ҳисси ватандӯстию ватанпарастии кӯдакону наврасон, инкишоф ва оммавияти варзиш, ташаккули инсони комилу ҳимоятгари ватан ба муносибати эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон ва ҷашни 25 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишӣ — тирпарронии Кумитаи вилояти Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиа озмуни вилояти «Мергани беҳтарин» баргузор гардид.
Дар озмун хонандагон – беҳтарин мерганҳо аз 15 шаҳру ноҳияи вилоят ширкат варзиданд.
Дар маросими ифтитоҳи озмун сармутахассиси Раёсати маорифи вилоят Б. Сарҳадов, муовини раиси КВ ТҶММ оид ба тайёрии ҳарбӣ – техникӣ ва варзиш Т. Ыаюмбоев суханронӣ намуданд ва ба иштирочиёни озмун равнаыу барор орзу карданд. Дар мусобиыа Ганҷина Сафарова — аз ноҳияи Масчоҳ дар байни духтарон, Абдуыуддус Абдуллоев – аз шаҳри Хуҷанд – дар байни писарон, Азиз Ҷӯраев – аз ноҳияи Б. Ғафуров дар байни омӯзгорон туфайли маҳорати баланди варзишӣ ба дарёфти ҷойҳои аввал мушарраф гардиданд.
Аз руй ҷамъбасти даставӣ ҷои якум насиби аъзои дастаи ноҳияи Б. Ғафуров гардид. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро дастаҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Масчоҳ ишғол карданд.
Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ диплом, медал, тӯҳфаҳо ва сипосномаҳои Раёсати маориф, Маркази таҳсилоти иловагии вилоят, Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиа супорида шуданд.
Дастаи ғолиб бо дипломи Раёсати маориф ва Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, ҳамчунин ҷоми озмун сарфароз гаронида шуд.