Санаҳои 22.04.2022 ва 25.04.2022 кормандони Раёсати маорифи вилояти Суғд барои аз наздик шинос шудан бо вазъи таълиму тарбия ва сатҳи сифати дониши хонандагони муассисаҳои таълимӣ маркази шаҳри Гулистон ва ҷамоатҳои шаҳраки Сирдарё, Чойрухдаррон ва Консой дидан намуданд. Кормандони Раёсати маорифи вилоят аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№1, 8, 14, 2 ,3 гимназияи №1 ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мавриди боздид қарор доданд.
Рафти донишазхудкунии хонандагони ин муассисаҳо, сатҳи тарбия, риояи либоси ягонаи мактабӣ, омодагӣ ба аттестатсияҳо ва бақайдгирии хонандагон барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тариқи Маркази миллии тестӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Дар рафти боздид, камбудиҳо дар муассисаҳои таълимии №1, 8 ва муассисаи таҳсилоти томактабии №3 муайян карда шуда, аз тарафи кормандони Раёсати маорифи вилоят баҳри беҳтар гардидани сатҳи сифати таълиму тарбия ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастурҳои мушаххас пешниҳод карда шуд.