Санаи 27 октябри соли 2018 дар Муассисаи таҳсилоти давлатии барои хонандагони болаёқат шаҳри Хуҷанд даври вилоятии фестивал-озмуни «Ҳунарҳои миллӣ» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати нерӯи эъҷодӣ ва қобилияти кӯдакону наврасон, дарёфти чеҳраҳои нав, овозхонҳо, навозандагон, раққосон, намоиши либосҳои миллӣ, инчунин муҳайё намудани шароити мусоид барои ривоҷу равнақи суннатҳои миллӣ, тарбияи завқи маънавии хонандагон, амиқгардонии нақш ва аҳамияти мавзӯҳои тарбиявӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доир гардид.

    Дар озмуни  вилоятӣ аз 16 шаҳру ноҳияҳо соҳибистеъдодҳо иштирок намуданд. Онҳо аз рӯи 5  бахш маҳорати ҳунарварии худро нишон доданд. Ҳайати доварон Фирӯза Аюбҷонова —  устоди калони факултаи санъати шаҳри Хуҷанд, Юсупов Ҳусейн. – роҳбари ансамбли фарҳанги Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Икромов Абдувалӣ – роҳбари маҳфили Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ба ҳунару малакаи иштирокдорон    баҳои воқеӣ гузоштанд.

    Дар бахши намоиши «Ҳунарҳои мардумӣ» — ғолибиятро дастаи   Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Бӯстон соҳиб гардиданд. Ҷойи дуюму сеюмро  Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Панҷакент ва шаҳри Истиқлол ишғол намуданд.

     Холбоева Фарида,  хонандаи синфи 11,  ноҳияи Ашт дар  бахши «Либоси миллӣ»- мақоми  аввалро гирифт. Қосимов Бойназар  хонандаи синфи 9  аз МТМУ №2 ноҳияи Ашт дар номинатсияи «Расмкашӣ» сазовори ҷойи аввал гардида, ҷойҳои минбаъдаро   Эргашев Далер, хонандаи синфи 11, МТМУ 11 шаҳри Конибодом ва  Каримов Шавкат  хонандаи синфи 9-уми МТМУ №16 ноҳияи Ҷ.Расулов   сазовор гардиданд.

МТМУ №12, ноҳияи Б.Ғафуров,  МТМУ №4, ноҳияи Спитамен ва МТДХБ шаҳри Хуҷанд ғолибони  “Маҳфили наздимактабӣ”  дониста шуданд.

   Дар  бахши “Барномаи консертӣ” — ҷойи аввал насиби Нурова Маҳина хонандаи синфи 9, МТМУ №9 шаҳри Панҷакент гардида,  ҷойи дуюму сеюм насиби Ёсумани Рустам, хонандаи синфи 5, МТМУ №16 ноҳияи Мастчоҳ ва Сӯҳробҷонзода Хуҷаста, хонандаи синфи 6 МТМУ №6 шаҳри Истаравшан ишғол намуданд.

     Аз рӯи натиҷаи шартҳои озмун ғолибоне, ки дар бахшҳо се ҷойи аввалро соҳиб шуданд бо Диплом, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати маорифи вилоят ва Сипосномаи Маркази таҳсилоти иловагии вилоят қадрдонӣ карда шуд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>