
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия дар ноҳияи Ашт тадбирҳои муфид рӯи кор омаданд.
Аз ҷумла бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде қабл дар ноҳия биноҳои хуштарҳу замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 барои 720 нафар хонанда, кӯдакистони хусусии “Бунёд” мавриди истифода қарор гирифтанд.

Имрӯзҳо бошад, бо дастуру супориши Пешвои муаззами миллат ва дастгирии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро дар маркази ноҳия бунёди бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия идома дорад.
