МДТ «Планетерий ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ»-и назди Раёсати маорифи вилоят дар асоси фармоиши Сардори Раёсати маорифи вилоят аз 29.03.2024, #329 бахшида ба «Рӯзи кайҳоннавардон», 90-солагии нахустин кайҳоннаварди олам Юрий Гагарин ва «100-солагии таъсисёбии нахустин Планетарий дар олам» баҳри амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» тасмим гирифтааст озмуни вилоятии «Кайҳон аз нигоҳи ман»-ро ташкил ва баргузор намояд.
Озмуни мазкур аз 3 давр:мактабӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятӣ иборат буда, баргузории даври вилоятии озмун санаи 12 апрели соли ҷорӣ соати 10:00 дар МД » Боғи Абумаҳмуди Хуҷандӣ»-и шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст. Дар даври вилоятии озмун ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ ва хоҳишмандон иштирок карда метавонанд.
Озмуни мазкур аз рӯи 5 шарт:
-тасвирофарӣ ва расмкашӣ дар мавзуъи «Кайҳон аз нигоҳи ман» байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, аъзоёни маҳфилҳои мактабҳои рассомӣ;
-расмкашӣ дар рӯи мумфарш(асфалт) байни тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ(боғчаҳо);
— газетаи деворӣ дар мавзуи «Кайҳон аз нигоҳи ман», «Илми афлок», «Юрий Гагарин»
-моделсозӣ(моделҳои ҳаракаткунанда аз ҷумла: ракетаҳо, самолёт, морсоход, лунаход, тайëра ва ғайраҳо) байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аъзоёни маҳфилҳо;
— ихтироъкорӣ(роботтехникӣ, авиомоделӣ, радиотехникӣ, моликияти зеҳнӣ ва тамоми намуди ихтироъкориву навоварӣ) байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ.
Ҳамчунин намоиши корҳои эъҷодиву дастӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо нақшофарӣ дар мавзуъи «Кайҳон аз нигоҳи ман» аз намуди ҳунарҳои сӯзанидузӣ, қуроқдӯзи, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, қолинбофӣ, бофандагӣ, тарроҳии либосҳои афсонавӣ алоҳидагӣ қадршиносӣ карда мешавад.
Хоҳишмандон аз манотиқи гуногуни кишвар низ метавонанд тариқи фосилавӣ дар озмуни мазкур иштирок намуда, офаридаҳои худро тариқи почтаи электронии planetariy-khujand@mail.ru то рӯзи баргузории озмун(11.04.2023 то соати 16:00) пешниҳод намояд.
Ғолибони озмун дар натиҷаи ҷамъбасти озмун аз тарафи ҳайяти доварон муайян гардида, бо тӯҳфаҳои арзишманд ва Диплому Сипосномаҳои Раёсати маорифи вилоят ва МДТ «Планетарий ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ» қадршиносӣ карда мешавад.
Ғолиби асосиро(дар бахши ихтироъкорӣ) тӯҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 700 сомонӣ интизор аст.
Барои маълумоти бештар ба шумораи 8342252193, 926701112, 927669966 тамос гиред
ШУЪБАИ ИЛМИ МДТ «ПЛАНЕТАРИЙ БА НОМИ АБӮМАҲМУДИ ХУҶАНДӢ»
Дар тӯли таърих миллати тоҷик борҳо шоҳиди тохтутоз ва хунхориҳои аҷнабиён гардида, фаротар аз он хиёнату дассисаҳои нафарони дурӯя ва чоплусу худхоҳро дар мағзи устухони худ эҳсос кардааст. Маҳз ҳамин носипосон, ватанфурӯшони майдонғариб буданд, ки дар баробари қаҳрамониҳои фарзандони далеру шуҷоъ лагандбардориву чоплусӣ намуда, марзу буми кишварро барои ҳифзи ҷону моли худ фурӯхтанд. Аҷдодони ин касифон то имрӯз хиёнатро бар ин миллат раво дида, бо баҳонаҳои гуногун, ки ҷавҳараш дассисаву бӯҳтон, нодидагириву бахилӣ аст, раво мебинанд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки ҳар қадар таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ наздиктар шавад, хоинони миллат ҳамон қадар “мурдаву зинда” мешаванд. Ин нотавонбинон шодиву нишот, ободии макон, пешрафт ва шукуфоии кишварро дида наметавонанд. Гузашта аз ин, ба ақсои олам тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷор мезананд, ки ин сана аз хотироти таърихии миллат кӯр карда шавад, зеро бандҳои Созишнома аз ҷониби Ҳукумати кунунӣ иҷро нашуд. “Равшандилон ва миллатдӯстон” дар симои Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин сухан аз кадом банди Созишнома мегӯянд, худ намедонанд. Бале, шумоён дар назар доред, тақсимоти 30 фоизаро. Аммо, касе аз Шумоён иқрор намешаванд, ки кадрҳои интихобкардаатон ба ҷузъ аз қориазёдкардани “Қуръон” дигар дар умури давлатдорӣ ба ягон чиз сарфаҳм нарафтанд. Дар натиҷа давраи роҳбариашон дер напоид, аксарияташон шармандавор маснадҳои худро тарк карданд. (далее…)
Конференсияи навбатии Марказҳои технологияи иттилоотии назди раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии вилоят, ки бо иқдоми Маркази технология ва иттилоти назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ин дафъа масъалаи баланд бардоштани дониши хонандагонро тавассути дарсҳои онлайни мавриди баррасӣ қарор дод. Ба роҳбарону масъулони Марказҳо директори Муассисаи давлатии маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров К роҳҳои тақвият бахшидани дониши хонандагонро тавассути видеомашғулиятҳо фаҳмонида, баён дошт, ки самаранок истифода бурдани шабакаи байналмилалии интернет ва дар хазинаи электронӣ ҷо намудани машғулиятҳои навоваронаи устодон аз аҳамият холӣ нест. Бояд кормандони Маркази ТИК дар ҳамоҷоягӣ бо омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ роҳҳои самаранок дар зеҳну хотироти хонандагон ҷо гирифтани донишро ҷӯё бошанд.
Зимни онлайн конференсия иштирокдорон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят бо иштироки муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, сарварони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф, роҳбарони зерсохторҳои назди Раёсати маорифи вилоят доир гардид.
Ҷаласаро сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро бо рӯзномаи кории ҷаласа ошно намуд. (далее…)
Ҷиҳати баланд ҳисси ватандӯстию ватанпарастии кӯдакону наврасон, инкишоф ва оммавияти варзиш, ташаккули инсони комилу ҳимоятгари ватан ба муносибати эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон ва ҷашни 25 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишӣ — тирпарронии Кумитаи вилояти Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиа озмуни вилояти «Мергани беҳтарин» баргузор гардид.
Дар озмун хонандагон – беҳтарин мерганҳо аз 15 шаҳру ноҳияи вилоят ширкат варзиданд.
Дар маросими ифтитоҳи озмун сармутахассиси Раёсати маорифи вилоят Б. Сарҳадов, муовини раиси КВ ТҶММ оид ба тайёрии ҳарбӣ – техникӣ ва варзиш Т. Ыаюмбоев суханронӣ намуданд ва ба иштирочиёни озмун равнаыу барор орзу карданд. Дар мусобиыа Ганҷина Сафарова — аз ноҳияи Масчоҳ дар байни духтарон, Абдуыуддус Абдуллоев – аз шаҳри Хуҷанд – дар байни писарон, Азиз Ҷӯраев – аз ноҳияи Б. Ғафуров дар байни омӯзгорон туфайли маҳорати баланди варзишӣ ба дарёфти ҷойҳои аввал мушарраф гардиданд.
Аз руй ҷамъбасти даставӣ ҷои якум насиби аъзои дастаи ноҳияи Б. Ғафуров гардид. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро дастаҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Масчоҳ ишғол карданд.
Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ диплом, медал, тӯҳфаҳо ва сипосномаҳои Раёсати маориф, Маркази таҳсилоти иловагии вилоят, Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиа супорида шуданд.
Дастаи ғолиб бо дипломи Раёсати маориф ва Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, ҳамчунин ҷоми озмун сарфароз гаронида шуд.
Хатмкунандагони шаҳри Конибодом низ дар асоси нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз мулоқоти озоду самимии сарварони муассисаҳои олии вилоят бенасиб намонданд. Наздики 300 нафар толибилмони фаъол бо мақсади шиносоии бештар пайдо намудан аз фаъолияти донишгоҳу донишкадаҳои вилоят дар маҷлисгоҳи мақомоти шаҳр гирд омаданд.
Муовини раиси шаҳри Конибодом Замира Ашӯрзода меҳмонро хайрамақдам гуфта, риштаи суханро ба намояндаи МИҲД- и вилоят Мирзотоҳир Набиев дод. Мавсуф аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки сол то сол аз шаҳри Конибодом шумораи донишҷӯён зиёд гардида, алҳол дар ҳама муассисаҳои олии вилоят 2481 нафар донишҷӯёни конибодомӣ таҳсли илм доранд. (далее…)
Добро пожаловать в WordPress. Это ваша первая запись. Отредактируйте или удалите её, затем пишите!