ОЗМУН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

   Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташвиқу тарғиби қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар байни кӯдакону наврасон, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки онҳо, инчунин ҳавасмандкунии хонандагони муассисаҳои таълимӣ оид ба омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба иыдоми шоиста рӯ овард. Аз 25 ноябр то 15 декабри соли 2018 дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарин дар мавзӯи “Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак-2018” баргузор гардид.
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз вилояти Суғд зиёда аз 60 расмҳои беҳтарини хонандагони муассисаҳои таълимӣ шуданд.
Аз байни 600 адад расмҳои ба озмуни ҷумҳуриявӣ пешниҳодгардида расмҳои пешниҳоднамудаи 5 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд беҳтарин дониста шуданд.
Аз ҷумла расмҳои пениҳоднамудаи О. Исмоилов — хонандаи синфи 8, гимназияи №1, Р.Фаррухзода – хонандаи синфи 5, муассисаи ғайридавлатии “Паймони азизон”, Р.Шарифбоева – хонандаи синфи 5, муассисаи таълимии №26, шаҳри Хуҷанд, О. Қӯшматов хонандаи синфи 3, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи Шаҳристон, У.Носиров – хонандаи синфи 6, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Деваштич ба баҳои баланди ҳайати доварон сазовор гардиданд. Дастаи вилояти Суғд бо 5 ҷойи ифтихорӣ соҳиби ҷойи якум гардид.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо Диплому Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардиданд.

БАХТИЁР САРҲАДОВ,
Сармутахассиси шуъбаи
таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи
умумии Раёсати маорифи вилоят

       

МАФҲУМИ АНДОЗ АЗ НИГОҲИ ХОНАНДА

DSCF7012Соли дуюм аст, ки бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Раёсати андози вилоят озмуни вилоятии «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонандагон» доир мегардад. Даври ҷамъбастии он  дар қасри фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Дар қисмати расмии чорабинӣ сардори Раёсати андози вилоят Бахтиёр Султон ва сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосим суханронӣ намуда таъкид доштанд, ки ҳадафи асосии баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани дониши ҳуқуқии хонандагон дар мавриди андоз ва андозбандӣ аст. Ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар қиёс ба соли гузашта сафи иштирокчиён ба маротиб афзудааст. Сипас, дар асоси хулосаҳои ҳайати ҳакамот ғолибон муайян гардиданд.
Дар бахши озмуни «Расми беҳтарин» ҷойи якумро Абдуллоҳ Усанов, хонандаи синфи 7 аз гимназияи №2, шаҳри Бӯстон ишғол намуд. Зинаҳои дуюми сеюмро Исфандиёр Ашӯров — хонандаи синфи 11, МТМУ №30, шаҳри Конибодом, Бахтовар Юлдошев — хонандаи синфи 10, Литсейи 2, ноҳияи Ашт, Хисрав Олимов — хонандаи синфи 10, МТМУ №3 ноҳияи Зафаробод ишғол намуданд. Ҳамчунин расми пешниҳодгардидаи Сарвинози Тоҷиддин — хонандаи синфи 9, МТМУ №8, ноҳияи Айнӣ, Сардор Эргашқулов — хонандаи синфи 11, МТМУ № 2, ноҳияи Шаҳристон ҷолиб диққат буданд.
DSCF7025Дар бахши «Иншои беҳтарин» ғолибият насиби Парвина Дадобоева — хонандаи синфи 11, МТМУ №8, шаҳри Гулистон гардид. Мақомҳои баъдиро Саидахон Ҳасанзода — хонандаи синфи 10, МТМУ №12, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Нисо Муҳиддинова — хонандаи синфи 11, МТМУ №18, ноҳияи Шаҳристон, Сабрина Раҳимова – хонандаи синфи 9, МТМУ№ 22, ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳибӣ намуданд. Ҳайати ҳакамон ҳамчунин иншоҳои навиштаи Садафмоҳи Ҳошим — хонандаи синфи 10, МТМУ №10, ноҳияи Деваштич, Султонмуроди Салим — хонандаи синфи 11, МТМУ №50, шаҳри Истаравшан, Азизахони Зуҳурбек — хонандаи синфи 9, МТМУ № 6, ноҳияи Масчоҳ, Сулеймонов Алияхон — хонандаи синфи 10, гимназияи Гёте аз беҳтарин донистанд.
Дар бахши саволу ҷавоб, инчунин доштани маълумоти ибтидоӣ оид ба фарҳанги андозсупорӣ ҷои аввалро Фарида Ҷумъабоева — хонандаи синфи 11, МТМУ №14, ноҳияи Спитамен, ҷойи дуюмро Шамсия Мадалиева, хонандаи синфи 9, МТМУ № 7, ноҳияи Ашт ва ҷойҳои сеюмро Фарзона Абдулакимова — хонандаи синфи 11, МТМУ №13, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Мафтуна Ваҳобова, хонандаи синфи 10 МТМУ №9, шаҳри Конибодом ишғол намуданд.
DSCF7039Ба ғолибону ҷоизадорони озмун дар вазъияти тантанавӣ диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аъзоёни Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилояти Суғд бо баргузории барномаи рангини консертӣ хотири аҳли нишастро шод намуданд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории озмуни вилоятии «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонандагон» ба ҳукми анъана даромада, дар назар аст, ки соли оянда дар миқёси ҷумҳурӣ доир карда мешавад.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

«МО ВОРИСОНИ AЛЛОМА БОБОҶОН ҒAФУРОВ»

    20181206_123420Бо мақсади амиқ омӯхтани таърихи давлату халқи Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи мероси илмию таърихии академик Бобоҷон Ғафуров, пурзӯр намудани тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносии миллӣ, афзунгардонии муҳаббати насли наврас, ҷавонон ба Ватану ватандорӣ, бахшида ба таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят таҳти № 263 аз 02.10.2018 аз 1.11 то 06.12.2018 даври минтақавии озмуни вилоятии «Мо ворисони аллома Бобоҷон Ғафуров» бахшида ба 110-солагии академик Б. Ғафуров дар Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Б. Ғафуров бо иштироки дастаҳои шаҳри Хуҷанд, Истаравшан, Гулистон, Бустон, Конибодом, Ашт, Айнӣ, Деваштич, Зафаробод, Истиқлол, Шаҳристон, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Исфара, Спитамен ва Мастчоҳ аз рӯйи 10 бахш: 20181206_131522
1. Маълумоти мухтасар дар бораи таърихи шаҳри худ;
2. Маълумоти мухтасар дар бораи китоби “Тоҷикон”;
3. Лаҳзаҳои муҳими ҳаёт ва фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров;
4. Маълумот дар бораи модари Бобоҷон Ғафуров бо қироати намунаҳои ашъорӣ – шоира Розия Озод;
5. Суханҳои шахсиятҳои машҳури дунё дар бораи Бобоҷон Ғафуров;
6. Ёддошт дар бораи дӯстон ва шогирдони Бобоҷон Ғафуров;
7. Арҷгузории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ раҳмон ба мақоми Бобоҷон Ғафуров;
8. Андешаҳои шахсӣ дар бораи Осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров;
9. Маҳорати шеъру сурудхонӣ, рақс, саҳначаҳо бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров;
10. Намоиши ҳар як гурӯҳ дар бораи ноҳия ё шаҳр гузаронида шуд.
Ба даври вилоятии озмуни мазкур дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Бӯстон, Айнӣ, Шаҳристон, Ашт, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов Исфара, Спитамен ва Мастчоҳ рохҳат гирифтанд.
Баргузории даври вилоятии озмуни мазкур санаи 26.12.2018 ба нақша гирифта шудааст.

ОЗМУНИ «МУAЛЛИМИ СОЛ» МУAРИФИИ МAҲОРAТ ВA ИСТЕЪДОД

    IMG_00000167Дар мактаби президентии шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» — 2018 баргузор гардид. Дар озмун довталабони 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд. Озмун аз рӯйи шартҳои зерин гузаронида шуд:
— даври аввал: кор бо компютер ва тахтаи электронӣ; таҳлили дарс; дарс; соати тарбиявӣ; маҷлиси падару модарон ва саволу ҷавоб дар доираи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф;
— даври дуюм бошад, муаррифии таҷрибаи пешқадами омӯзгор буд.
Даври дуюмро дар фазои тантанавӣ сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода О.Қ. ифтитоҳ намуд. Номбурдa дaр сухaнронии худ aз тaвaҷҷуҳи доимии дaвлaт вa Ҳукумaти Ҷумҳурии Тоҷикистон бa соҳaи мaориф ёдовaр шудa, зикр сохт, ки мaҳз чунин ғaмхориҳо буд, ки омӯзгорону мурaббиягони нaвовaри мо ду сол пaйи ҳaм ғолиби озмуни «Муaллими соли Тоҷикистон» вa «Мурaббияи соли Тоҷикистон» гaрдидaнд.
IMG_00000144Ба даври дуюми озмун довталабони шаш шаҳру ноҳияи вилояти Суғд: Хуҷанд, Исфара, Б.Ғафуров, Спитамен, Ашт, Зафаробод роҳ ёфтанд. Довталаби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» — 2018 омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ№49-и ноҳияи Бобоҷон Ғaфуров Муродҷон Ҳaйдаров сазовори ҷои аввал гашт.

ҲAНИФA ВAЛИЕВA ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ «МУРAББИЯИ СОЛ»

      IMG_00000155 Ҳанифа Валиева, мураббия аз кӯдакистони №27-и шаҳри Хуҷанд бо дарёфти 97 хол дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” дар вилояти Суғд пирӯз гашт
Даври ниҳоии озмуни вилоятии «Мурaббияи сол»  дар мактаби барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд, бо иштироки намояндагони 6 шаҳру навоҳӣ аз рӯи 5 шарт баргузор гардид.
Ҳанифа Валиева таҷрибаи беш аз 10 соли мураббиягӣ дошта, аз фаъолтарин мураббияҳои кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд мебошад.
Aкнун Ҳанифа Валиева маҳорати худро дар даври ҷумҳуривии озмуни «Мураббияи сол», ки моҳи январи соли 2019 дар шаҳри Душанбе сурат мегирад, мавриди санҷиш қарор медиҳад.

ТАЛҚИНИ ВАТАНДӮСТӢ

    Бо мақсади пурра намудани дониши аъзоёни маҳфил оид ба муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, додани маълумоти пурра дар бораи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи аъзоёни маҳфил дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва меҳанпарастӣ бо 20 нафар аъзоёни маҳфили «Табиатдӯстони ҷавон» бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии мудири  ӯъбаи табиатдӯстон Гадойбоева Л. дар филиали Маркази таҳсилоти иловагии вилоят соати  арбиявӣ гузаронида шуд. Дар чорабинӣ ҷонишини директор оид ба таълиму тарбия Абдураҳмонова М., мудири шуъбаи сайёҳи-кишваршиносӣ Ҳоҷибоева Р. ва роҳбари маҳфили «Суруди якка» Юлдошев Қ. Иштирок намуданд.

    Аъзоёни маҳфили «Табиатдӯстони ҷавон» қироати шеър, рақс, маълумот дар бораи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, суруд дар васфи «Ватан» баромад намуданд. Дар охири чорабинӣ ҷонишини директор оид ба таълиму тарбия Абдураҳмонова М. суханронӣ намуда аъзоёни маҳфилро бо Рӯзи парчами миллӣ табрик намуда, барои иштироки мунтазам ба маҳфилҳои филиали Маркази таҳсилоти иловагии вилоят даъват намуд.

Ба бунёди бинои маъмурии Раёсати маорифи вилояти Суғд санги асос гузошта шуд

23Рӯзи 14 ноябри соли 2018 дар мавзеи Пахтакори маркази вилоят аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди бинои маъмурии Раёсати маорифи вилояти Суғд санги асос гузошта шуд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ дар назди кормандони соҳаи маориф ва фаъолон аз таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ёдовар шуд ва таъкид кард, ки ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маориф сол ба сол зиёд гардида истодааст. Зикр гардид, ки маҳз бо дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ҳамасола даҳҳо мактабҳои замонавӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешаванд. Аз ҷумла, танҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 86 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо зиёда аз 21 ҳазор ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд ва хонандагон дар синфҳои барҳаво ва муҷаҳҳаз бо аёнияту таҷҳизоти зарурӣ таҳсили худро идома дода истодаанд.
65Иттилоъ дода шуд, ки дар идомаи тадбирҳои бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади фароҳамсозии шароити мусоиди корӣ бинои нави ҳафтошёнаи Раёсати маорифи вилояти Суғд бо маблағи зиёда аз 12 миллион сомонӣ бунёд мегардад.
Тибқи лоиҳа бино дорои таҳхона, утоқҳои зиёди кории замонавӣ, толорҳои хурд ва калони маҷлисггоҳ барои 300 нафар буда, ошхона ва дигар биноҳои ёрирасон ба хизмати кормандони соҳаи маорифи вилоят вогузор хоҳад шуд. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани бинои муҳташами Раёсати маорифи вилоят муаммои солҳо инҷониб мавҷуда — ба бинои мувофиқ кӯчонидани шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд низ ҳалли худро пайдо менамояд.
Фармоишгари иншоот Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бунёди биноро Ассотсиатсияи ташкилотҳои сохтмонии “Суғдсохтмонсоз” ба уҳда гирифтааст.
Сипас, Раиси вилоят аз Мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд, ки дар мавзеи Пахтакор воқеъ аст, боздид намуд. Зимни шиносоии Раиси вилоят бо шароити таълиму тарбияи хонандагон иттилоъ дода шуд, ки дар Мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд аз гӯшаву канори вилоят беш аз 220 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои шиносоӣ изҳор дошт, ки кӯдакони имконияташон маҳдуд зери ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва Ҳукумати мамлакат барои таълиму тарбияи хонандагон шароитҳои заруриро фароҳам овардааст.
Аз ҷониби Раиси вилоят ба масъулин дастур дода шуд, ки ба таълиму тарбияи кӯдакон ва таъмини саривақтии онҳо бо либосҳои мавсимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

НӮҲ МОҲИ БУРДУ БОХТ

    мушовара1Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд, ки санаи 1-ноябр дар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки мудирони шуъбаҳои Раёсати маориф, муассисаҳои зертобеи он, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳия доир гардид, фаъолияти нӯҳ моҳаи соҳаи маорифро мавриди баррасӣ қарор дод. Ҳамчунин дар ҷаласа 12 масъалаҳо вобаста ба беҳдошти таълиму тарбия, натиҷаҳои аттестатсияҳои муассисаҳои санҷидашуда, бардошт аз рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, сатҳу сифати таҳсилот ва рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, омодагии ба мавсими тирамоҳу зимистон, иҷроиши қарори Раиси вилоят аз 16. 05. 2018 “Дар бораи ташкли истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2018 ”, вазъи бо ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, натиҷаҳои таҳлили дохилшавии довталабон тариқи Маркази миллии тестӣ ва дигар масъалаҳо таҳлилу баррасӣ шуданд. (далее…)

«УСТОДИ ХУШҚАЛАМ»

   Устоди хушкалам Адибон дар ҳама давру замон ҳамнавову ҳамсадо бо зиндагӣ буданду ҳастанд ва танҳо онҳо қодиранд инсонҳоро дар руҳияи инсондӯстию меҳанпарастӣ, худшиносии миллию ифтихор аз таъриху фарҳанг  тарбия намоянд ва Муҳиддин Хоҷазод, Нависандаи халқии Тоҷикистон бо дарки амиқи ин масъулият дар назди аҳли сухану хонанда солҳост, ки ин бори гарон бар дӯш дорад. Ин нигорандаи беназир дар ин рӯзҳои тирамоҳи зарнисор ба синни мубораки 80 расиданд. Бахшида ба ин дирӯз дар толори Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ маҳфили адабӣ таҳти унвони «Устоди хушқалам» бо иштироки  соҳибҷашн Муҳиддин Хоҷазод, Шаҳрванди фахрии ш.Хуҷанд нигоранда Маъруфи Бобоҷон, рӯзноманигор ва ҳаҷвнигор Дадохони Эгамзод, раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати маҳаллаи Суғдиён Замирахон Деҳқонова ва муҳассилини МТМУ № 11,12 шаҳри Хуҷанд барпо гашт. (далее…)

«ФАРЗОНАХОНӢ» ДАР ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ

   Бар пояи нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои таълимии шаҳр бо мақсади машғул намудани хонандагон дар давраи таътили тирамоҳӣ силсилаи чорабиниҳо роҳандозӣ мегардад.

   фаразонхониТавре, ки аз шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, дар давраи таътили тирамоҳӣ, гузаронидани дарсҳо иловагӣ барои хонандагони болаёкат барои омода намудани онҳо ба Олимпиадаҳо, ҷоннок намудани кори маҳфилҳои муассисаҳои таълимӣ ва Маркази таҳсилоти иловагӣ, ташкили экскурсияҳои хонандагони синфҳои болоӣ ба осорхонаҳои ҷумҳуриявии ба номи Бобоҷон Ғафуров, Қасри маданияти Арбоб, Арт Галерияи «Сомониён», Маҷмааи фароғатии «Боғи Камоли Хуҷандӣ»ҷалби хонандагон ба намоишномаҳои Театри давлатии мусиқавӣ ва мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри тамошобини наврас ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст. (далее…)