Кӯдаки солим-ояндаи солим!

      291453794_406555201518202_8434050605691661338_nАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба таълиму тарбияи наврас, бахусус ба кӯдакони ятим ва бепарастор таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ба рушди муносиби кӯдакон, устувор намудани солимии равонӣ ва ҷисмонии онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тадбирандешӣ мегардад.

(далее…)

САНГИ МАЛОМАТ НАЗАНЕМ!

          Имрӯзҳо тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуб чун терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда, ба масъалаи доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Пӯшида нест, ки фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллӣ ва давлатии кишварҳои саросари олам хатари ҷиддӣ эҷод намудааст. Аз ҷумла, натиҷаи ноогоҳӣ, ҷаҳолат, зиёдаравӣ, фирефтаи ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ шудани қисми муайяни ҷомеа буд, ки воқеаҳои мудҳиши ибтидои солҳи 90-уми асри гузашта ба сари мардуми тоҷик омад.
    Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон душманони дохилӣ ва хориҷии кишвар бо саркардаҳои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии наҳзати исломӣ байни минтақаҳои гуногуни кишвар низоъ ва кинаву адоватро паҳн карда, дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ, бесарусомонӣ ва беҳукуматиро ба миён оварданд, ки боиси ба таври куллӣ фалаҷ гардидани тамоми сохторҳои давлатӣ гардид.
        Ин ҷанги хонумонсӯз соли 1997 баъди байни мухолифин ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ амалан ба охир расид. Вале саркардагону аъзоёни ташкилоти террористии наҳзатӣ бо истифода аз ин имконият дар низоми давлатдории дунявӣ, ҳамчун як ниҳоди исломи сиёсӣ мақоми қонунӣ касб карда, тавонистанд, тариқи матбуоти расмии худ ғояи исломи сиёсиро пайваста тарғиб намоянд. Бо ин васила зина ба зина муносибати аъзои ин ташкилоти террористӣ бо Ҳукумати кишвар тағйир ёфта, боиси амали мусаллаҳона аз тарафи ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар моҳи сентябри соли 2015 гардид.
          Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон ва фаъолияташ дар қаламрави кишвар қатъ карда шудааст.
       Имрӯз саркардаи фирории ташкилоти террористии наҳзати исломӣ бо ҳаммаслаконаш фаъолияташро дар хориҷи кишвар ба роҳ монда, ҳадафҳои нопоки худро нисбат ба давлату миллати тоҷик идома дода истодаанд. Аммо, хушбахтона метавонем гӯем, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон заррае ба ин хоинони давлату миллат таваҷҷуҳе надоранд ва ба муқобили онҳо муборизаи доимӣ бурда истодаанд ва мубориза хоҳанд бурд.
Бобозода М.
Раёсати маорифи вилояти Суғд.

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЛИМПИАДАИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚИ ДОНИШГОҲИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ.

     291324810_405819558258433_205885144680748354_n 291496825_405819531591769_3561908200740070745_nАз 26 то 29-уми июни соли 2022, дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ вилояти Бадахшон, шаҳри Хоруғ даври ниҳоии Олимпиадаи илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз фанҳои риёзӣ ва илмҳои дақиқ (математика ва химия-биология) барои хонандагони синфҳои 9-10 баргузор гардид.

(далее…)

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ «SPELLING BEE» ВА «ШОҲМОТ» БАЙНИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРӢ.

    290805303_404468028393586_8287038363426421625_nДар асоси мактуби Муассисаи давлатии «Маркази Ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» аз 21.06.2022, таҳти № 06/1-136, рӯзи 25-уми июни соли 2022, дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе, даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи «Spelling Bee» ва Олимпиада оид ба «шоҳмот» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, баргузор гардид.

(далее…)

“Офарин”-и тифлакони босаодат

    Дар Муассисаи томактабии “Кӯдакистони Президентии шаҳри Хуҷанд” туфайли ташкилу баргузории чорабиниҳои шавқовари варзишӣ ба обутоби ҷисмонии тифлакон эътибори зарурӣ равона мегардад.
     290863409_404501045056951_6804722288589792725_nДирӯз ба муносибати солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ байни тарбиятгирандагони ду гурӯҳи кӯдакистон мусобиқаи шавқовари “Офарин” баргузор гардид. Аъзои ҳарду даста –тарбиятгирандагони гурӯҳҳо туфайли чусту чолокӣ дар иҷрои шартҳои бозӣ ҳунару маҳорати баланд нишон дода, ба дарёфти холҳои баланд сазовор гардиданд.

(далее…)

Боздеҳи заминҳои назди муассисаҳои таълимӣ

     287877644_402316431942079_770107543918682620_nҶиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати самаранок истифода бурдани заминҳои назди муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд тадбирҳои мушаххасу ҳадафманд андешида шудаанд.
       Бино ба иттилоои мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳия Фарҳод Эрматов дар ҳамаи заминҳои 44 муассисаи таълимӣ, ки 7 гектару 15 сотихро фаро мегирад, пурра кишти зироатҳои кишоварзиву полезиҳоро гузаронидаанд. Дар қитъаҳои алоҳида кишти картошка, сабзӣ, лӯбиё, нахӯд, помидор, бодаринг, пиёз, мош, қаламфури булғорӣ, турбу шалғам, кабудиҳо гузаронида, беш аз 7000 дона гулҳои ороишӣ парвариш карда мешаванд.

(далее…)

ТАЙЁРИИ 7 НАФАР ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ « МАКТАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТ» ДАР ШАҲРИ БӮСТОН БА ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «TEENEAGLE».

    291012549_404466351727087_4141283685060181600_n Дар асоси мактуби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» аз 30.11.2021 № 06/1-120, бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат, санаи 12-уми феврали соли 2022 дар давлати Шоҳигарии Англия Озмуни байналмилалии «TEENEAGLE» аз фанни забони англисӣ тариқи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид.
       Олимпиадаи мазкур аз рӯи ду категорияи синнусолӣ синфҳои 5-8 ва 9-11 баргузор гардида, дар он 12 нафар хонандагони «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» шаҳри Бӯстон иштирок намуданд.

(далее…)

Хуҷанд: 41 нафар хатмкунандагони Литсейи физикӣ –математикии №1 ба донишгоҳҳои бонуфузи Аврупо дохил шуданд

    290314738_401626368677752_2489108294899959213_nЛитсейи физикӣ – математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ аз муасссисаҳои пешқадам ва намунавии шаҳри Хуҷанд арзёбӣ гардида, хатмкунандагони он дар гӯшаву канори мамлакат ва берун аз он дар рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти соҳаҳои мухталиф саҳм гузошта меоянд.
    Соли таҳсили 2021 – 2022 литсейи физикӣ – математикии №1 ба номи академик М.Осимӣ – ро 107 нафар (аз ҷумла 41 нафар духтарон) синфи 11 –умро хатм намуданд. Ҳамаи хатмкунандагон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар тариқи маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шудаанд. Бо баробари ин барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои бурунмарзӣ низ имтиҳони дохилшавӣ супориданд, ки аз онҳо 41 нафарашон барои гирифтани номи донишҷӯӣ ба Донишгоҳи физикӣ – техникии шаҳри Маскав, Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Маскав ба номи Бауман, Донишгоҳи технологияи информатсионӣ, механика ва оптикаи шаҳри Санкт Питербург, Донишгоҳи химико – технологии ба номи Д.И. Менделеев, Донишгоҳҳои энергетика ва иқтисодии шаҳри Маскав, Донишгоҳҳои техникии шаҳрҳои Уфа, Стамбул ва Амрико мушарраф гардиданд.

(далее…)

Истироҳатгоҳи солимгардонии «20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз истироҳатгоҳи солимгардонии «20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид намуданд.289913544_401625065344549_6418848285028747065_n 289950628_401625225344533_21367088973954428_n290081985_401625035344552_685363635676131433_n 290129538_401624958677893_9215715194210311004_n 290048442_401625108677878_7750484311823697898_n 289986015_401624915344564_3628864500676173655_n

350 ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ЯК ВАҚТ БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ҶАЛБ ГАРДИДАНД

   289945978_401622938678095_4997577434813803242_n Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи вилояти Суғд дар асоси нақша бори аввал тасмим гирифт, ки 350 нафар омӯзгорону кормандони соҳаи маорифро дар як вақт ба истироҳату фароғат ҷалб намояд. Ин иқдом бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани риштаи дӯстии омӯзгорони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳ монда шуд. Истироҳати омӯзгорон дар осоишгоҳи Соҳил, Шифо, Истаравшан, Зумрад ва ғайра ҷараён доранд.
    Бо мақсади дидан намудан аз шароити истироҳаткунандагон санаи 23 июн Самизода Мӯсобек — раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят ва Раҳматов Сайфулло — муовини сардори Раёсати маорифи вилоят ба осоишгоҳи Соҳил ва Шифо ташриф оварданд. Зимни суҳбат Самизода Мӯсобек бо омӯзгорону кормандон зикр дошт, ки “ҳамаи шароту имконоте, ки баҳри Шумо фароҳам оварда шудааст ин самараи тинҷиву осоиштагӣ ва Ваҳдати комили кишварамон мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тамоми шаротро барои омӯзгорону кормандони соҳа фароҳам овардаанд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо бояд омӯзгорон бо дилу нияти пок боз ҳам баҳри тарбияи насли наврас хубтару беҳтар фаъолият намоянд.
    Барои фароғати истироҳакунандагон аз тарафи Иттифоқи касбаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд чорабинии фарҳангӣ ташкил гардид.
     290120570_401622855344770_7170412708573332980_nБояд қайд намуд, ки ин иқдом то давраи ба охир расидани рӯхсатии меҳнатии омӯзгорон идома мекунанд ва марҳила ба марҳила қисми зиёди омӯзгорон дар осоишгоҳҳои вилоят ба истироҳат ҷалб мегарданд.