Ҳадафи асосӣ беҳтар намудани сифати таълиму тарбия

Имрӯз дар  ҷаласаи навбатии ҳайати  мушовараи Раёсати маорифи вилоят , ки  бо иштироки муовини Раиси вилоят  Назира Ғаффорӣ, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо  сурат гирифт, натиҷаи фаъолият   дар   нимсолаи аввали соли  ҷорӣ мавриди   баррасӣ қарор дода шуд.   (далее…)

6 нафар барои дарёфти медал пешниҳод шуданд

Дар анҷоми соли хониши ҷорӣ  ба Раёсати маорифи вилоят аз шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Зафаробод, мактаби Президентии шаҳри Бӯстон   ҳуҷҷатҳои 15 нафар хатмкардагони синфҳои 11 барои соҳиб шудан ба аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра  ворид гардиданд. (далее…)

Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ

Дар муассисаҳои таълимии вилоят  то имрӯз 5426,5 тонна ангишт захира намуданд, ки 51,3%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Нақша дар шаҳри Истиқлол 100%, ноҳияҳои Ҷ.Расулов 93,8%,  Айнӣ 92,1% иҷро гардида,  вале дар ноҳияи Зафаробод 29,6%, шаҳри Хуҷанд 30,5%  ангишт захира шудаасту халос. Дар шаҳрҳои Бустон ва Панҷакент бошад, ин кор то ҳол оғоз наёфтааст.

Басти якуми истироҳат ба охир расид

Дар истироҳатгоҳи “Вохӯрӣ”-и шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров басти якуми  истироҳати бачагон  ҷамъбаст гардид.  Дар он 110 нафар  кӯдакон, аз ҷумла 13 нафар аз оилаҳои камбизоат ва 10 нафар ятим ба истироҳат  фаро гирифта шуда буданд. (далее…)

Бақайдгирии довталабон дар ММТ идома дорад

Барои хоҳишмандоне, ки дар давраи бақайдгирии асосии довталабон дар муҳоҷирати меҳнатии берун  аз ҷумҳурӣ қарор доштанд ё дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ адои хизмат карда буданд,   ҳамчунин хонандагоне, ки бо сабабҳои узрнок дар вақти бақайдгирии асосӣ аз қайд назузашта буданд. (далее…)

Оғози истироҳати омӯзгорон

Бо  шарофати  ғамхории Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ  дирӯз 93 нафар омӯзгорони пешқадаму навовар аз муассисаҳои таълимии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба осоишгоҳи “Шифо”-и шаҳри Гулистон  фаро  гирифта шуданд. Дар давоми 12 рӯз онҳо истироҳат ва табобат намуда, ба чорабиниҳои  гуногуни фарҳангию  фароғатӣ фаро гирифта мешаванд.

Cеминари дастурдиҳӣ доир ба татбиқи Дастурамали аз аттестатсияи гузаронидани хонандагон

Имрӯз дар толори Раёсати маоориф вилоят семинари дастурдиҳӣ доир ба татбиқи Дастурамали аз аттестатсияи гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 30.04.2015, № 10/32 тасдиқ шудааст,  бо иштироки  мутасаддиёни раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. (далее…)

Марҳилаи муҳим барои толибилмон

Бо баробари итмом ёфтани соли хониш дар ҳама дабистонҳои вилоят атестатсияи аз синф ба син фгузаронӣ оғоз гардида, ҳамчунин хатмкунандагон низ имтиҳонҳои давлатӣ супорида истодаанд. Тибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят ҳамаи кормандони раёсат муваззаф шуданд, ки ҷараёни атестатсияро дар шаҳру навоҳӣ мавриди санҷиш қарор диҳанд. (далее…)