Вохӯрӣ ва мубодилаи афкор

283151060_383197340520655_9199432796681489162_n     Рўзҳои 25 –уми майи соли 2022 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 бо иштироки 160 нафар омўзгору хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷамоати деҳоти Понғоз,  26 май дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 бо иштироки  160 нафар омўзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт вохўрӣ бо намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сармутахассиси шуъбаи равобити  байналмилалӣ, татбиқи лоиҳа ва грантҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони маориф Ҳангома Қурбонова ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия Муяссар Ҳайдарзода оид ба масъалаҳои  тарғиби арзишҳои миллӣ, зарурат ва қимати давлатдории дунявӣ ва ҳуқуқбунёд барои мардуми Тоҷикистон, пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби бегонапарастӣ ва дигар ҳаракатҳои ифротӣ, таваҷҷуҳи махсус додан ба пасманзари манфии сиёсисозии динӣ баргузор гардид.

(далее…)

Маҳкум намуданд

   284480160_383242917182764_3044893750166406277_nҶомеаи меҳнатии Раёсати маорифи вилояти Суғд, зерсохторҳои он, ҳайати эҷодии нашрияи “Маорифи Суғд” ва замимаи бачагонаи он – “Дурахшандагон” дар толори маҷлисҳои раёсат филми мустанади “Шикасти фитна”-ро муташаккилона тамошо карданд.
       Воқеаҳои филм оид ба хиёнату ватанфурӯшии чор нафар фарзандони нохалафи Бадахшон – Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Холбаш Холбашев, Улфатхоним Мамадшоева, Алим Шерзамонов (муқими яке аз кишварҳои Аврупо, муовини созмони террористии бо ном “Паймони миллӣ”) ба таври возеҳу равшан нақл мекунад.

(далее…)

Фарҷоми ҷанг оҳу фиғон аст

Филми “Шикасти фитна”, ки тавассути телевизиони Тоҷикистон пахш гардид, тамошобинонро бо решаи фитнаю дасиса ошно намуд.
Дар филм сухан дар бораи он меравад, ки нафарони бадамал бо раҳнамоии Алим Шерзамонов нақшаи амалиёти террористиро дар Бадахшон кашида, мувофиқи барнома онро анҷом медиҳанд.
Маълум гардид, ки барои иҷроиши ин амалиёт гурӯҳи муташаккили террористӣ моҳҳои зиёд тайёрӣ дида, яроқу аслиҳаи оташфишониро ба миқдори зиёд ба Тоҷикистон бо роҳи қочоқ ворид намуда буданд.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир, ки дар он ошкорову ниҳонӣ падидаҳои номатлуб, аз ҷумла терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккил хатару таҳдидҳои навро ба миён меоваранд, ҳушёрии сиёсиро боз ҳам баланд бардорем. Дар мактабу дигар муассисаҳои таълимӣ ба шогирдон дарси садоқат ба Ватан, гиромидошти арзишҳои миллӣ, мубориза бо ҳар гуна ифротгароиҳоро омӯзем. Танҳо бо ин васила амалҳои манфури хоинони Ватан Мамадбоқир Мамадбоқиров, Холбаш Холбашов, Улфатнисо Мамадшоеваро пешгирӣ кардан мумкин мегардад.
Бобозода М.
Раёсати маорифи вилояти Суғд

Касеро озор диҳӣ, озор мебинӣ!

    Гурӯҳи хурди нохалаф таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии аъзои дар ҷустуҷӯи расмӣ қарордоштаи ташкилоти экстремистӣ – террористии тундгаро Алим Шерзамонов ва ҳаммаслакони ҷиноятии ӯ Холбаш Холбашев, Улфатхоним Мамадшоева бо мақсади халалдор намудани амнияти давлатӣ, зарба задан ба пояҳои сохти қонунии Тоҷикистон бо силоҳу аслиҳаи ҷангӣ мусаллаҳ шуда, нооромиву хатар эҷод карда, ноҳияи Рӯшонро ба таҳлука андохтанд ва оқибат аз нокомӣ сари худ сарозери кардаҳои худ карданд.
Охир, онҳо ҳам обу нону намаки кишвар – Тоҷикистонро хӯрда, ба воя расида буданд – ку?! Имрӯз чаро носипосӣ карда, даст ба ҷиноят заданд?
Дар асл ин гурӯҳи ҷиноятпеша ва аъзои он чӣ ва кӣ шудаанд, ки ба таъкидҳо ва муроҷиатҳои расмии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои қатъи ҳама қонуншиканиҳо итоату риоя накарда, кирдорҳои нанговару инсонгароии хешро давом доданд?!
Инсонбадбинии онҳо оё то ҳамин дараҷа, ки шахсони бегуноҳро таҳқиру ҳақорат ва мавриди лату кӯби шадид қарор доданд. Ҳайфи номи одамӣ бар шумоён разилони террорист, душманони сулҳу суботу оромӣ, — мегӯем мо.
Шайх Саъдии бузургвор гуфта:
Вақте дили дӯстон ба ҷанг озоранд,
Чандон ки на ҷои оштӣ бигзоранд.
Мо давлати соҳибистиқлол, ягона, ҳуқуқбунёд ва озоду демократии худро ҳифз мекунем, дӯст медорем ва гиромӣ медорем!
Д. Сатторова,
Раёсати маорифи вилояти Суғд

Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо иштироки муовини Раиси шаҳри Истаравшан Мӯъминова Ф. ва сардори Раëсати маорифи вилояти Суғд Набизода М.Р. баргузор гардид. (далее…)

«ЧИЛ РӮЗИ ҲАЁТИ КӮДАКОН»

   284289737_382615653912157_3968528775626868384_n Дар муассисаи таҳсилоти томактабии №6-и шаҳри Хуҷанд машғулияти намунавии “Омодагӣ ба саводомўзӣ” аз тарафи мураббия Мунира Раҳматова ташкил ва баргузор карда шуд.
     Таъкид шуд, ки ҷавҳари асосии машғулиятҳои саводомӯзиро нутқи алоқанок, шиносоии овозию ҳарфӣ, машқи хониш, машқи хат ва тозанависӣ ташкил медиҳад. Ҳар яки ин пояҳо аз ҷониби мураббӣ бо мисолҳои аниқ ва аёниятҳои гуногун возеҳу равшан шарҳ ёфтаанд, ки аз он тарбиятгирандагон баҳраи хуб бардоштанд.

(далее…)

Мақсад – тарғиби арзишҳои миллӣ

  284283385_383091200531269_4061401296121579976_n Тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баргузор кардани вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимӣ доир ба тарғиби арзишҳои миллӣ, давлатдории дунявӣ ва ҳуқуқӣ барои мардуми Тоҷикистон, пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби бегонапарастӣ ва дигар ҳаракатҳои ифротӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ созмон дод. Гурӯҳи корӣ вазифадор шудааст, ки дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки масъулини шаҳру ноҳияҳо мулоқоту вохӯриҳо ташкил намуда, масъалаҳои зикргардидаро шарҳу эзоҳ диҳад.

(далее…)

Ваҳдати мо арзишҳои бунёдӣ дорад!

284192912_383064740533915_1268611168706966177_n     Ҳодисаҳои рӯзҳои охири моҳи май, ки дар Бадахшон, махсусан ноҳияи Рӯшон ва чанд воқеаи дигари ин мавзеи хоки Тоҷикистони азиз рухдода дар ҳамаи расонаҳои олам гуфтумонҳои гуногунмуҳтаворо дар робита ба ваҳдати миллат ва шабакаҳои иҷтимоӣ афкори мухталифро ба бор овардаанд. Бояд гуфт, ки ягонагии кишвар ва дарки маънои ватану зодгоҳ андешаҳои зиддунақизе дар тафаккури мардум ҷо гирифтааст, мавриди ислоҳ қарор бигиранд. Дар ин раванд Ваҳдати миллӣ ва арзишҳои бунёдии он дар меҳвори гиромидошту шукронаву шукргузорӣ ҷой дошта бошад. Ва беҳтарин фазилат ин бувад, ки мушкилоти умумро ҳамчун мушкилоти хештан бояд донист, ки аз ибтидои дар домани кишварҳои алоҳида ва мулкҳои ҷудогона инсонҳо одати зиндагӣ карданро аз бар намуданд. Ана, бинобар ҳамин ҳам дар роҳи некбахтӣ ҳамкорӣ кардан маъно ва мазмуни муттаҳид будани мардумро дорад. Ҳар як инсон, хусусан ҷавонон барои дӯст доштани Ватани азиз бояд корҳои неку аъмоли манфиатбахш ба манфиати ҷомеаро анҷом бидиҳанд.
Дар ин масир яке аз ҳикматҳои ибратомӯзи дини муби Ислом чунин буда: “Дӯст доштани ватан аз гӯшаи имон аст”.
   Афсӯсбор он мебошад, ки кирдорҳои ғайриинсонии хоинони Ватан – Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров дар дохил ва дасисабозиҳои аъзои Паймони миллӣ, террорист Алим Шерзамонов дар хориҷи кишвар – аз Аврупо барои ноором кардани фазои зиндагӣ ва ҳаёти ҷомеа, ташкили гирдиҳамоии ғайриқонунӣ, бо силоҳи ҷангӣ мусаллаҳ гардонидани гурӯҳи тундрав азм карда, ниҳоят ба ғазаби халқ гирифтор шуданд. Тарсу таҳлукаи сокинони бегуноҳро ба бор оварданд, ки ба гуфтаи ҳакиме – гар хабар дарӣ зи душман, дур бош.
Исмоилова М.
Раёсати маорифи вилояти Суғд

Ҷинояткор дар назди қонун ҷавоб медиҳад!

    Ҳодисаҳои нангин маро водор сохтанд, ки овоз баланд кунам ва ин суханон бинависам: аз тамоми дигар аъзои гурӯҳҳои муташакилли ҷиноятии ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ қотеъона талаб карда мешавад, ки талаботи қонунҳои амалкунандаро бечунучаро риоя кунанд.Силоҳи ғайриқонуниро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоранд. Ҷинояткороне, ки дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд, ҳоло ҳам имкон доранд, ихтиёран ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир шуда, дар назди қонун ҷавоб диҳанд.
    Фарзандони содиқи Ватан – кормандони ҳифзи ҳуқуқ амалиёти зиддитеррористӣ гузаронида, 114 нафар аъзои гурӯҳи террористиро дастгир карданд, ки онҳо оромии сокинони Бадахшонро халалдор мекарданд, аз дасти онҳо силоҳҳои ҷангӣ мусодира карда шуд. Дар натиҷа, чунонки аз хабарҳои расонаҳои ватанӣ огаҳӣ дорам, айни замон вазъият дар ноҳияи Рӯшон ба эътидол омада, идораю муассисаҳо, сохторҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ фаъолияти муқаррарии худро оғоз кардаанд. Сокинон ба фаъолияти рӯзмарраи хеш машғул ҳастанд. Ва хушбахтона, зимни гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ аз миёни сокинони осоишта ягон нафар осеби ҷисмонӣ, ҷонӣ ва молӣ надидааст.
    Мо, мардуми ватандӯсту ваҳдатшиор, дар ҳар маврид, чунин амалу кирдорҳои террористони ҷоҳилу беандешаро маҳкум мекунем.
Ш. Сатторов,
Раёсати маорифи вилояти Суғд

Бадахшон нигини Тоҷикистон

      281377204_383063203867402_3575673957216873715_nЧанд вақти охир бетартибиҳое, ки дар Бадахшон ба хусус дар шаҳри Хоруғ ноҳияи Рӯшон рух дод маълум гардид, ки аз тарафи душмани миллату давлати мо тарҳрезӣ гардида, бурдааст. Бадбинони миллат ҳаргиз ба мақсади разилонааашон намерасанд. Зеро халқ гавҳаршинос аст. Бадахшон як қисми ҷудонашавандаи кишвари азизамон буда, барои ҳар яки мо порае аз хоки Ватан аст. Мардуми Тоҷикистон аз як гӯшаи диёр аст. Бо қуллаҳои сафеду осмонбӯс рӯду дарёҳои пуртуғён чашмаҳои обашон софу дармонбахш ва муҳимтарин аз ҳама бештар бо одамони ганҷофару меҳмонпарвар дар олам машҳур гаштааст.
Матлубахон ҲАЙДАРОВА,
мутахассиси пешбари “Маркази таълимию методӣ” -и
назди раёсати маорифи вилоят