Семинари омӯзишӣ

   284145621_382645027242553_6284009547827125921_n Дар семинари омӯзишӣ, ки санаи 26.05.2022 тариқи онлайнӣ дар мавзӯи “Доир ба баррасӣ намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самтҳои гуногуни фаъолият дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва роҳҳои бартараф намудани онҳо” Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу баргузор намуд, масъалаҳои умдаи фаъолияти маорифчиён мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд.

(далее…)

Хиёнаткор сари худ чи гирдоб хӯрад

    Чанде пештар хиёнаткори Ватан – саркардаи “Гурӯҳи 24”, бинобар маълумоти расонаҳои хабарии хориҷӣ дар хориҷи кишвар ҷон бохтааст, ки Умаралӣ Қувватов исм доштааст. Шахсияти ин ватанфурӯш Умаралӣ Қувватов ҳанӯз соли 2012 аввалин бор аз созмон доданаш дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия доирае бо номи “Гурӯҳи 24” садо дода буд. Ӯ дар Тоҷикистон бо кирдорҳои силсилавии вазнин – ҷиноятҳои иқтисодӣ, аз худ кардани амволи ғайр, бо роҳи макру ҳилла ба маблағ соҳиб шудан айбдор шуда, аз кишвар фирор намудааст. “Гурӯҳи 24” мақсади пурғараз дошта, бо зӯроварӣ ба ҳокимият соҳиб гардиданро ҳадаф қарор додааст. Бинобар кирдорҳои ғайриконстутсиониаш “Гурӯҳи 24” тибқи изҳороти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мухолифину ифротгаро эълом гардидааст.
    “Гурӯҳи 24” мувофиқи аъмолаш ҷавононро дар руҳияи ифротгароӣ ва экстремистӣ омода кардан буда, нияти ғасби ҳукуматро ғайриқонунӣ, ғайриконститутсионӣ дошта, ниҳоят саркардааш Умаралӣ Қувватов аввали моҳи марти соли равон дар шаҳри бегона – дур аз Ватан сари худро чун гирдоб хӯрдааст. Акнун ҳамсару ду фарзанди ноболиғаш дар хоки бегона сарсону ҳайрон мондаанд.
    Мухолифин Умаралӣ Қувватов дар мусоҳибаҳои худ беасос дар ҳаққи Тоҷикистону обу хоку замини муқаддаси ӯро ба воя расонида, туҳмату буҳтон мегуфт, ки аз лиҳози ватандӯстиву миллатдӯстӣ фарсахҳо орӣ буданд. Рафтори разилонаи “Гурӯҳи 24”, ки дар атрофаш чанд тан соҳибкорони норозиро гирд овардааст ва пайравони он бо ҳаракату равияҳои ифротгарову ситезаҷӯйи худ билохира, сари саркардаашро хӯрд.
Ин ва ба дигар равияҳои ифротӣ ҳушдор бояд дод: бузургони миллат ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири модар медонанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон рафтори хоинонаи ин гуна ашхоси хиёнаткорро маҳкум намуда, ба Умаралӣ Қувватов барин ифратгороён шадидан нафрат доранд.
Рауфҷонова М.
Раёсати маорифи вилояти Суғд.

Гурӯҳи тундгаро ва чанд нафари норизо

Рӯирост, бе ягон муболиға ва иғроқ мегӯяму менависам, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Ватани азизамон – Тоҷикистони маҳбуб ба марҳалаи нави қиёснопазири рушд ворид гардида, дар арсаи ҷаҳон ва муаммоҳои байналмилаливу дохилии худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Вале, афсӯс ки дастовардҳои кишварро гурӯҳҳое ҳастанд, ки нодида мегиранд. Зиёд аз ин қувваҳое ҳам мавҷуданд, ки ба Ҳукумати қонунии имрӯза дар мухолифат қарор дошта, мехоҳанд вазъро ноором ва мардумро нотинҷ намоянд. Ба ин тоифа “Гурӯҳи 24”, ки фаъолияти пурғараз дорад, шомил аст, ки роҳбариашро Умаралӣ Қувватов – соҳибкори фирорӣ бар уҳда дошт ва бо сабаҳои ба худи гурӯҳаш маълум, дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия кушта шуд.
Бузургон гуфтаанд: “тамаъ бад аст ва аз зиёдаталабӣ сармоя низ аз даст меравад”.
“Гурӯҳи 24” ончунон коршиносону сиёсатшиносон таъкид мекунанд, бо нияти нопок аз ҷониби ду соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев соли 2012 ташкил шудааст.
“Гурӯҳи 24” дар солҳои гуногун чанд маротиба дар як қатор шаҳрҳои Федератсия Россия гирдиҳамоии муҳоҷирони тоҷикро бо талаби истеъфои Ҳукумати қонунии имрӯзаи Тоҷикистон ташкил ва баргузор кардааст. Яъне, “Гурӯҳи 24” тухми низоъву мухолифат кошта, дар маркази шаҳри Душанбе низ як гирдиҳамоӣ алайҳи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро соли 2014 — даҳуми октябр даъват карда буд. “Гурӯҳи 24” бо қарори Додгоҳи олӣ созмони экстремистӣ ва мамнӯъ эълон шудааст.
Аслан ҳадафи пайдоиши ин гурӯҳи моҷароҷӯй чист? — бино бар андешаи баъзе муҳаққиқон “Гурӯҳи 24” созмони сиёсӣ набуда, балки аз чанд тан соҳибкорони норозӣ иборат шуда, баъд аз пардохт накардани андоз ва берун пой ниҳодан аз чаҳорчӯбаи қонун Тоҷикистонро тарк кардааст.
Мегӯянд, ки баъди кушта шудани сарвари гурӯҳи ифротгаро Шарофиддин Гадоев роҳбари нави ин созмон ва Собир Валиев – як соҳибкори дигар муовини ӯ интихоб шудаанд. Гуфтагӣ барин “Дузд дуздро дар шаби сияҳ мешиносад” саркардаи нав Ш.Гадоев гуфтааст, ки нуктаи муҳими стратегияи ояндаи “Гурӯҳи 24” ин “бедорсозии мардум” ва “муборизаи мусолиҳатомез барои барқарории адолати сиёсию иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аст.
Ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон мегӯям: новобаста аз он, ки гурӯҳ сиёсӣ ва ё ғайрисиёсӣ аст, ба хотири оромиву суботи ҷомеа, ба хотири ҳамбастагии ҷомеа ва ба хотири он сулҳу ваҳдате, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибихтиёру соҳибистиқлоли мо соҳиб шудааст, аз мақомоти дахлдор даъват ба амал оварда мешавад: нисбати ин гурӯҳи носолиму ифротгаро чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Мубориза бар зидди ҳаракату гурӯҳҳои ифротгароиву ситезаҷӯ фарзу шарафи худшиносии мост!
Фозилова Т.
Раёсати маорифи вилояти Суғд

Гирдиҳамоиҳо оқибати хуб надоранд!

Аз он, ки дар шароити ҳассоси амниятии минтақа ва авзои нигаронкунандаи кишвари ҳамсояи Афғонистон гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш амну субот ва ҳаёти осоиштаи ҷомеаро халалдор мекунанд, хеле мутассир шудам.
Имрӯз набояд шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон макони баргузории чунин бесарусомониҳо бошанд. Аз таҷрибаи талхи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бароямон равшан аст, ки ин қабил гирдиҳамоиҳо оқибати ҳузновар доранд. Аз ин бесарусомониҳо мардуми одӣ ва ҷавонони ҷаҳонбиниашон маҳдуд зарар мебинанд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос зарур аст, ки бештар аз ҷиҳати сиёсӣ зирак бошему баҳри пешгирии амалҳои номатлуб саъй варзем. Набояд ба доми тазвири найрангбозон, аз қабили Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров афтода, боиси нигаронии мардум ва ошуфтагии онҳо шавем.
Аз ин рӯ, ба мардуми шарафманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз номи маорифчиёни вилояти Суғд муроҷиат намуда, гуфтаниам, ки бояд ақлу хиради воло ғолиб ояду ба чунин ихтилофангезандагон, аз ҷумлаи Муҳаммадбоқир ва ҳаммаслаконаш ҷазои сазовор дода шавад.
Бобозода М.
Раёсати маорифи вилояти Суғд

Хиёнатро сазо оқибат ҷазо бувад!

Баробари ҷаҳон мавҷи хатари терроризм, экстремизм ба кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон низ хатар эҷод мекунад. Аз хабарҳои охирини кишвар огаҳ ҳастем, ки чанд муддат ин тараф дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нооромӣ, гирдиҳамоӣ ва дасисабозӣ бо сарварии хиёнаткори ин сарзамин бо номи Муҳаммадбоқири ҷиноятпеша ва саркардаи дасисаангезон, аъзои ташкилоти террористии ҲНИ (ин ташкилоти ифротгаро дар Тоҷикистон қонунан фаъолияташ манъ карда шудааст), дигар аз равияҳои тундгароӣ — экстремистии Гурӯҳи 24, ки ӯ ва пайравонаш фазои орому осудаи Ватани соҳибистиқлоламонро халалдор карданӣ ҳастанд. Мо-мардуми миллатдӯст бояд дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткори муташаккили фаромиллӣ ҳушёрии сиёсиву ҷаҳонфаҳмии бунёдии худро муқобил гузорем ва ҳамеша садди ин роҳи хатарафзо бошем.
Як кас ва ё гурӯҳи алоҳида дар ҷомеа чандон қувваи бузурге нест, дастҷамъии кулл нерӯи бузург аст. Кас ҳайрон мешавад, ки чаро мардуми сафеду сиёҳро аз ҳам фарқ мекардагӣ аз паси як идда касони ҷоҳталаб чун об ҷараён мегиранд? Канӣ, ақли солим! Барои эмин доштани худ аз доми Муҳаммадбоқир барин ноодаму инсонбадбини террорист ва ҳаммаслакони бадхоҳаш чаро панду насиҳати калонсолонро намегиранд?!
Гурӯҳи террористии Муҳаммадбоқир дар байни ҷавонон ва сарзамин тухми низоъву бадбинӣ мекоранд, оқибати он пучу беҳосил аст. Дида мешавад, ки гурӯҳи террористии саркардаи аз маърифат дур Муҳаммадбоқир бо ҳар роҳ шомилшавӣ ба сафи худро тарғиб карда, ҷавонони ноогоҳро ба худ мегирад, ки оқибати нек надорад. Ҳама касони соҳибмаърифату ватандӯст кирдорҳову хиёнаткориҳои Муҳаммадбоқири террорист ва гурӯҳи бадхоҳи ӯро, ки ба давлату миллат буҳтонҳову тухматҳо мекунанду кардаанд, лаънат менамоянд.
Ҷавонони саодатманд бояд дониста ҳаёти худро хуррам бигзаронанд. Устод Рӯдакӣ гуфта:
Ба хушдилӣ гузарон баъд аз ин, ки боди аҷал,
Дарахти умри баандешро зи по афканад.
Ф. АТОХОҶАЕВ,
А.АМИНОВ,
кормандони рӯзномаи “Маорифи Суғд”,
аъзо ИЖ Тоҷикистон

Насли шоистаи замон тарбия мекунем!

    Аз гузориши Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалҳои носавоби гурӯҳи муташаккили ҷиноятии ноҳияи Рӯшони ВМКБ таҳти сарпарастии созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористӣ хабардор шуда, ба ҳайрат омадам. Наход, дар арафаи таҷлили ҷашни мубораки 25-умин солгарди Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба ин кирдорҳои зишт рӯ оварда бошанд?
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли шаҳрвандони кишварро вазифадор кардаанд, ки “Ба хотири ҳимояи истиқлолу озодӣ, таҳкими сулҳу суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллату давлатамон саъю талош намоянд”.
Мо — кормандони соҳаи маориф имрӯз дар ҷавоб ба ҳидояти Пешвои муаззами миллат тамоми кӯшишу имкониятҳоямонро ба он равона намудаем, ки насли ояндасози кишварро дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ, омӯхтани илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ба камол расонем. Танҳо бо ин васила мо метавонем, пеши роҳи падидаҳои номатлубро гирифта, дар пешрафти Тоҷикистони азизамон саҳм гузорем.
Гулсара Тошматова,
Раёсати маорифи вилояти Суғд

Ба хиёнаткор дар Ватан ҷой нест!

Тариқи шабакаи телевизион эълон карда шуд, ки сокини шаҳри Хоруғи ВМКБ Мамадбоқир Мамадбокиров кушта шуд.
Ин шахси ҷинояткор ки пайрави аъзои равия ва гурӯҳи террористӣ будааст. Зеро ки танҳо кирдори шахсеро боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, террорист меҳисобанд. Кирдори номатлубе, ки аз ҷониби ин шахс ва ҳаммаслакони ӯ барин хоин содир намудаанд, нобахшиданист.
Мо бояд ба сокинони кишвар, фарзандон, шогирдон тарзи ҳаёти солим, дӯстию рафоқат, илму ҳунаромӯзиро тарғибу ташвиқ созем. Кӯшиш намоем, ки як гӯшаи Ватани ҷоноҷонамон Тоҷикистонро ободу зебо гардонем, фазои кишварамон орому осуда бошад. Дар бораи сулҳу дӯстӣ, созандагӣ, ободкорӣ, ҳифзи амнияти кишвар, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ҳарф занем, на дар бораи ҷангу ҷидол, вайронкорӣ, маҳалгароӣ. Магар ин ғайбат ва ифротгароӣ нест?
Дар оила, мактаб таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки фарзандон барои бекориву зоеъ рафтани умр вақти холӣ наёбанд. Пас ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки оид ба мубориза бар зидди ҷинояткор, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, кушодани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстримистидошта, дастгир намудани шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, ҳиссагузор бошем. Маҳз сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ аст, ки мо дар кишварамон осуда зиндагӣ дорем ва метавонем, барои рушди Тоҷикистон ва амалӣ шудани ҳадафҳои он саҳмгузор бошем.
Дар кишвар барои террористу ифротгаро, ҷинояткор ҷой нест. Бизгор шахсе, ки ҳисси ватандӯстӣ, инсонгароӣ надошта бошад, дар ҷамъият барои ӯ ҷой нест.
Фарҳод Қурбонов,
мушовири шуъбаи маорифи
ноҳияи Ҷаббор Расулов

Одам будан вазифаи муқаддас, ноодамӣ кундаи дӯзах

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявиро ҳамчун дурнамои пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат медонад. Дар ин раванд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати ҳуқуқасос замина гузошт.
Рафти ҳаёти ҷомеа собит кардаву менамояд, ки имрӯз дар Тоҷикистони соҳибихтиёрамон ба эътирофу эътиқоди шаҳрванд нисбат ба дину мазҳаб садде гузошта намешавад. Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботи тамоми мардуми кишвар мебошад. Аксари мардуми тоҷик ба дини мубини Ислом ҳамчун дини таҳаммулпазирӣ, ростӣ, покизагӣ, накӯкорӣ, меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ, эҳтиром ба хоку обу замини муқаддаси аҷдодӣ рӯй овардаанд.
Воқеаҳо, ҳодисаҳо ва рӯйдодҳои чанд рӯзи охир дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нишон доданд, ки гурӯҳҳои мансабхоҳ аз дину мазҳаб ба рӯй ниқоб гирифта, ба ташкили доираи нопоку иғвоангез даст заданд, такягоҳе шуданд ҳар гуна равияҳои номатлубу корҳои зишту ноҷоро ба анҷом расонанд. Ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби назҳати ислом, ки бо кирдорҳои ғайриинсониву даҳшатнокаш дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст ва он имрӯз бо саркардагони ватанфурӯши худ дар хориҷи кишвар ба саркардагони ватанфурӯши худ дар дохили кишвар–хиёнаткори ашшадӣ Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров разолату инсонбадбинӣ ва тафриқаандозӣ машғул шуда, боз мехоҳад даст ба ҷиноят занад, мардуми осудаҳолу фазои орому осоиштаро боз ба гумроҳии доираи худ бубарад, сафсатафурӯшӣ, туҳмату инсонбадбинӣ тариқи ташкили гирдиҳамоӣ даҳон воз мекунад. Амалҳои ноҷои ин хоини миллат хатарҳову таҳдидҳои нав ба навро барои ҷомеаи мамлакат ба ҷо овардан мебошад, ифротгаро мехоҳад ифротгароён тинҷиву оромӣ, шукуфоиву созандагиро халалдор созад, аммо ӯ ва ҳаммаслаконаш ҳеҷ гоҳ ба мақсади ғаразноки худ намерсанд. Зеро имрӯз чӣ хурду чӣ бузургсоли мамлакати азизамон пешрафту осоишу оромиро дар диёри арҷмандамон равшан эҳсос карда метавонанд. Онҳо ҳамеша барои ҳифзи сулҳу суботи давлатамон, ҷомеаи солими Тоҷикистони соҳибистиқлол, арзишҳои Истиқлоли давлатӣ ва рисолати Ваҳдати миллӣ омода ҳастанду эҳтиром меоваранд.
Равшану гуворо мебинем, ки дар замони муосир дар Тоҷикистони соҳибистиқлол насли нави ҷомеаи ҷадид, соҳибистеъдоду илмдӯсду фарҳангпарвару забондон, ба камол расида истодааст. Бузургони аҳли маънӣ дар хусуси мавқеи инсон дар ҳаёт гуфтаанд – бе омӯзиш, бе мутолиа инсон наметавонад ҷойгоҳи шоистае дар ҷомеа пайдо бикунад.
Аммо хиёнаткор Муҳаммадбоқир дар Кӯҳистони Бадахшон худро ҳамчун ҳокими мутлақ пиндошта, мардуми гумроҳро ба оташи дӯзах мекашад – чанд соли охир амали ӯ чунин ранг дошт. Ӯ террорист аст, ки худ аъзои ташкилоти террористии ҲНИ будаву роҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи Кӯҳистони Бадахшон даст ба ҷиноят зада, оромии давлату миллатро халадор карда, тамоми мардуми Бадахшони ватандӯстро ба дод овардааст, ки имрӯз ба лаънати ҳамагон гирифтор шудааст.
Унсуралмаолии Кайковус дар асари машҳури худ “Қобуснома” таъкидан навиштааст: “Агар аз бедавлатӣ камбағал бошӣ, барои аз ақл бой шудан ҳаракат кун. Зеро ба ҷои давлат доштан, ақл доштан афзалу беҳтар аст. Бо ақл давлат ҷамъ карда мешавад, лекин бо давлат ақл ёфтан ғайриимкон аст”.
Биноан, дарёфтани мавқеи устувори шаҳрвандӣ дар ҳаёти ҷомеа – омили муҳиммест, ки шахсиятро ташаккул медиҳад, илму дониши фарогир ба ҷаҳонбиниву ҷаҳонфаҳмӣ асос мегузорад.
Нозир ШАФАҚӢ,
вилояти Суғд

Касе ватани худро, миллати худро дӯст намедорад вай хоин аст.

      Муҳаммадбоқиров Муҳаммадбоқир яке аз хоинони миллат буд. Хабарҳое,ки аз сомонаҳо мегирифтем ӯ фақат бо роҳи манфиатҳои худ бар зидди миллат ва ватан рафтор мекард. Умри хоинони ватан кӯтоҳ мешавад. Имрӯз тири боз як хоини ватан хок хӯрд. Ҷомеа боз як аз ватанфурӯш тоза карда шуд. Мо маорифчиён бояд ҳушёр бошем. Шахсиятҳоро тарбия намоем, ки ба ватан, ба миллат содиқ бошанд. Пайравони сиёсати Пешвои муаззами миллат бошанд. Мо бояд ба чунин давлат, ватан ва ба чунин тинҷиву оромии имрӯза шукрона кунем.
Шодиев Абдуҷалил мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов.

ВАТАНРО БОЯД ЧУН ГАВҲАРАКИ ЧАШМ АЗИЗ ДОРЕМ!

Ватани азизу соҳибистиқлоли мо — Тоҷикистон рӯз аз рӯз гул-гул шукуфта истодааст. Мо бояд пайваста шукронаи тинҷиву оромӣ, сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ва истиқлолияту ободии кишвари азиз кунем.
Ҳар як фарди бо нангу номусро месазад, ки ба қадри ин неъматҳои бебаҳо бирасад ва дар рушду нумуъи кишвар саҳмгузор бошад. Имрӯзҳо сохта ба истифода додани садҳо майдончаҳои варзишӣ, мактабҳо, корхонаҳои саноатӣ, пулу роҳҳои мошингард ҳама аз ободиву пешрафти ватани маҳбубамон аст.
Маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Ватани азизамон Тоҷикистон ба кулли дигаргун гардидаву ташкилу баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст“, «Илм — фурӯғӣ маърифат» ва «Тоҷикистон — ватани азизи ман» дар рушди соҳаи иҷтимоии мамлакат ва дарёфти истеъдодҳои фавқуллода нақши муассир гузошт.
Имрӯз наврасону ҷавонон чӣ қадаре, ки рӯ ба омӯзиш оранд, ба илмомӯзиву фанҳои дақиқ бештар таваҷҷӯҳ кунанд, ҳарчӣ бештар ба ихтироъкориву навоварӣ таваҷҷӯҳ дошта бошанд, ҳамон қадар савияи дониш ва саводу ҷаҳонбиниашон баланд гардида, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтироми арзишҳои суннативу ҳувияти миллӣ тарбия меёбанд.
Таҷлили бошукуҳи 30 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистони азиз воқеан бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуд, ки кишвари азизамон таърихи куҳан дошта, мардумаш ободкору заҳматкаш, ташаббускору ваҳдатофар ва сулҳҷӯ аст.
Соҳаи маориф аз самти афзалиятноки сиёсати давлат буда, тарбияи дурусти кӯдакону наврасон ва ҷавонон ва соҳибмаърифату соҳибихтисос гардидани онҳо аз вазифаи муқаддас ва аввалиндараҷаи омӯзгорон буда, дар ин ҷода корҳои назаррасе анҷом дода мешаванд. Агар кӯдакону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем ҳатман дар оянда аз онҳо ба ҷамъият нафъе мерасад ва ин ҳам боис ба ободиву пешравии ватан мегардад.
Имрӯз омӯзгорон бо ташкили дурусти дарс, таълими дурусти хонандагон боло бурдани сифати таълиму тарбия ба ободии ватан саҳм мегузоранд.
Ҳамаи он дастовардҳое, ки мо имрӯз дар тамоми соҳаҳо дорем аз ободиву оромӣ ва тинҷиви сулҳу суботи кишвар аст. Мо бояд ҳамеша ба қадри ин неъматҳо, фаровониву арзонӣ бирасем ва дар ободии ватан бетарафиро ихтиёр накарда, ҳар яке аз рӯи касбу кори худ дар ободониву пешрафти кишвар саҳмгузор бошем, зеро ин ҳама тинҷиву осоиштагӣ, сериву пурӣ ва сарсабзиву ободии Тоҷикистони азизамон ба осонӣ ба даст наомадааст.
Аммо мутаасифона ҳанӯз ҳам нафароне, ёфт мешаванд, ки манфиати шахсии хешро аз манфиати миллату давлат боло дониста даст ба корҳои номатлуб мезананд. Муҳаммадбоқиров Муҳаммадбоқир, ки бо фиреби фаъватҳои интернетии Алим Шерзамон мехост ба сулҳу ваҳдат ва оромии як гӯшаи ватани азизи мо Бадахшони биҳиштосо нобасомонӣ андозад. Бо макру ҳилаҳояш ният дошт ба дастовардҳои беназир ва ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол халал эҷод кунад. Ин гуна инсонҳо ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопокашон нахоҳанд расид.
Барои ҳамин ҳам имрӯз мо ҷавононро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, бетарафӣ зоҳир накарда, дар атрофи сарвари маҳбуби кишвар муттаҳид шуда, Ватани азизамонро обод намоем.
Ашӯрматов Ф.Б.,
вилояти Суғд