Ба қадри сулҳу оромӣ бирасем!

Мо, омӯзгорони вилояти Суғд қотеъона амалҳои чанде аз зиёдаравон — сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро маҳкум менамоем. Зеро ин нафарон ҳаёти осоиштаи мардуми сулҳхоҳ ва озодандеши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро халалдор намуда, бо назардошти манфиатҳои шахсии худ мехоҳанд ҷинояткоронеро, ки худ ба гуноҳашон иқрор шудаанд, ба озодӣ бароранд.
Мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва кулли сокинони кишвар меваи гирдиҳамоиҳои бемантиқро дар пӯсту ҷони худ чашидаанд. То кунун хисороти моливу ҷонӣ ва маънавии ҷанги бемаънии солҳои навадум аз зеҳну хотири мардум нарафтааст. Имрӯз набояд шаҳри Хоруғ, ноҳияи Шуғнон макони баргузории чунин бесарусомониҳо бошад. Зеро чунин гирдиҳамоиҳо оқибатҳои ҳузновар ба бор доранд. Кӣ дар чунин чорабиниҳо зарар мебинад? Албатта, мардуми одӣ, ҷавонони гумроҳ. Ҳол он ки саркардаҳои ин гирдиҳамоӣ берун аз Тоҷикистон истода мехоҳанд минтақаро идора намоянд. Магар ҳамаи мо мехоҳем, ки сарнавишти мардуми афғон дар мо низ такрор шавад. Маҳз чунин кӯрдилон, авомфиребон амсоли Муҳаммад Боқир Боқиров, Толиб Айёмбеков ва даҳҳо дигарон аст, ки имрӯз Хоруғ нотинҷ аст. Гирдиҳамояндагон талаби озоди Амриддин Аловатшоев, Чоршанбе Чоршанбиев ва Манучеҳр Шеровро мекунанду мехоҳанд роҳбарияти вилоят, шаҳр ва ноҳияи Шуғнон, прокурор аз вазифаашон сабукдӯш шаванд. Магар ин талабот воқеист, дар ҳоле, ки нафарони маҳкумшуда дар олами ҷиноят машҳур шуда, худ гуноҳҳояшонро ба гардан гирифтаанд? Магар бо аз вазифа гирифтани нафарони масъул вазъ беҳ мешавад? Албатта не!
Мо аз сокинони шарафманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъват ба амал меорем, ки ҳаргиз ба чунин роҳи хато нараванд, баръакс дар маҳаллаҳо ва чорабиниҳо аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат сухан кунанд.
Имрӯз роҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар чор фасли сол бо дигар минтақаҳои кишвар равуо дорад, зиндагии мардум тадриҷан беҳтар шуда истодааст. Пас, моро мебояд ба қадри ин ҳама сулҳу озодӣ бирасем!
Шуҳрат САТТОРОВ,
Раёсати маорифи вилояти Суғд

Ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳем!

    Ҳар як сокини кишвар бояд аз воқеаҳои ҷаҳони имрӯз ибрат гирад ва ба қадри осудагию оромии Тоҷикистон бирасад. Имрӯз бояд воқеаҳои ҷаҳон барои мо дарси ибрат гарданд. Як нооромии кӯчак, як нофаҳмию нобоварӣ метавонад сабаби ҷангу ҷидол ва муноқишаҳои дуру дароз гардад. Тоҷикистон дар минтақае ҷойгир аст, ки ба амнияту оромии мо аз чаҳор тараф ҳар лаҳза таҳдиду хатарҳо эҳсос карда мешавад. Пас, мо бояд ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳама якдилу якҷон барои ободии ин сарзамини муқаддас талош намоем. «Ман ба азму иродаи мустаҳкам, нияти неку хиради азалии мардуми солору сарбаланди тоҷик итминони комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки ҳамаи мо дар солҳои наздик мушкилоти мавҷударо бартараф карда, Тоҷикистони маҳбубамонро ба як кишвари ободу пешрафта табдил медиҳем ва барои зиндагии шоистаи сокинон шароити мусоид фароҳам месозем»-таъкид менамоянд Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Мо — маорифчиёни вилоят аз ҳодисаҳои охиритеррористии дар шаҳри Хоруғ, бо роҳбарии Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров рух дода, изҳори нигаронӣ карда, амали ин гуруҳҳои террористӣ ва ихтилофангезро маҳкум менамоем. Аз ҳамаи сокинони кишвар даъват ба амал меоварем, ки ба дасисаю иғвоангезиҳо дода нашуда, сарбаландона барои имрӯзу фардои кишвари азизамон меҳнати софдилона намоед. Бо овардани як нуктаи ибратомӯз аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ҳамаи сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба Ваҳдату якдилӣ даъват менамоем:
«Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем».
Дилрабо Сатторова, Раёсати маорифи вилояти Суғд

МО БА СУХАНОНИ ИҒВОГАРОЁН БОВАР НАМЕКУНЕМ !

Имрӯз миллати тоҷик шоҳиди он гардид, ки бадхоҳи касон ба мақсад нарасид. Ниятҳои нопокашон амалӣ нагардида, гуруҳи ҷиноятпеша нобуд гардид. Тоҷикистони азизи мо имрӯз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷумҳурӣ ба пешравиҳои хело назаррас ноил гашта истодааст.
Мо ҳеҷ гоҳ ба суханони бардуруғу иғвогароёна ва амалҳои нопоки Маҳмадбоқиру Шерзамонову Улфатхоним ва ҳаммаслаконашон фирефта намешавем, зеро мо ончи ки дар дохили ҷумҳурӣ шуда истодааст бо чашми сар дида истодаем. Бо нишондодҳои хоҷагони хориҷӣ ба террористу ифротгаро мубаддал гардиданд. Чи хеле, ки Пешвои миллат доим таъкид менамоянд «Терорист- миллат, дин ва мазҳаб надорад».
Яке аз воситаҳои асосии ба доми идеологияи нодуруст ҷалб намудани ҷавонони мо хусусан мардуми сарбаланди ВМКБ ин ҳуҷуми фарҳангӣ-иттилоотӣ аст, ки ба воситаи шабакаҳои гуногун, рӯзномаву маҷаллаҳо, садо ва симо ба роҳ монда мешавад. Гуруҳҳои манфиатҷӯе, ки дар хориҷ аз кишвар фаъолият доранд бо роҳу воситаҳои гуногун амнияти моро аз рӯи хислати ноҷавонмардона халалдор намоянд. Ҳастанд нафароне, ки андешаи миллии созанда надоранд ба доми чунин хоинони миллат афтода гумроҳ мешаванд. Хоҳиш карда мешавад, то ҳушёр бошанд ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд.
Дар ин замони пуртазод имрӯз бояд андешаву гуфтор ва рафтори ҳар фарди дилсӯзи миллат ба манфиати давлату арзишҳои миллӣ нигронида шуда бошад. Инсони дилсӯз дар Ватани хеш ободкориву созандагиро аз хонаву дари худ, кӯчаву маҳаллаи худ оғоз менамояд. Шукр, имрӯз чунин ҷавонони банангу номус кам нестанд. Вале, сад афсӯс, ки модари тоҷик баъзан мисли Муҳаммадбоқиру ҳаммаслаконаш барин шахсони носипосро ба дунё овардаву шир додааст, обу хоки ин Ватан ононро дар канораш парваридааст.
Беҳуда нафармудаанд:
Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.
АҲЛИ МАОРИФИ НОҲИЯИ АЙНӢ

БА ИҒВОВУ ДАСИСА ДОДА НАШАВЕМ!

Дар масири 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат бо талош ва саъю кӯшиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо аз давлатсозӣ ба давлатдории миллӣ собитқадамона гузашта, сатҳ ва зиндагии мардум куллан беҳтар гардид. Дар ин фосила 87 маротиба зиёд шудани музди маош ва 54 маротиба афзун шудани даромади аҳолӣ бозгӯи гуфтаҳои болоӣ мебошад.
Коршиносони масоили сиёсиву иқтисодӣ ҳадс мезананд, ки агар дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ намепайваст, хисороти моливу ҷонӣ намешуд, имрӯз мамлакати мо ба як давлати мутараққӣ мубаддал мегардид. Худи Сарвари давлат низ дар як суханрониашон низ таъкид дошта буданд, ки мо барои пешрафти мамлакат ва созанлагиву бунёдкорӣ шурӯъ аз соли 2000 -ум оғоз бахшидем. Пас имрӯз, ки мамлакати мо тӯли 20 сол ба чунин дастовардҳо ноил гардидааст, месазад барои корномаҳо ба халқ ва ба роҳнамоии халқ аҳсант гӯем.
Аммо ҷаҳони мутаммадин, қудратталабии давлатҳои абарқудрат вазъи сиёсии ҷаҳонро ҳассос намудааст. Мо аз вазъи сиёсии иқтисодии кишварҳои Шарқи Наздик ба хубӣ огаҳӣ дорем. Вазъият дар Ҷумҳурии Украина, ҳамсояи кишвари мо – Афғонистон ба ҳама маълум. Дар чунин вазъи нобасомонии ҷаҳон танҳо кишваре орӣ аз ин газандҳо мегардад, ки муттаҳиду тифоқ бошад. Таҷрибаи талхи аввали солҳои навадум ҳар як сокини кишвари моро ҳушдор медиҳад, ки ҳушёриву зиракии худро аз даст надиҳанд. Танҳо маърифати баланд, дӯст доштани обу хоки Ватан, ҳисси худшиносӣ метавонад, моро дар муқобили ин ҳама носозгориҳо эмин дорад.
Вазъе, ки имрӯз дар минтақаи Кӯҳистони Бадахшон рух дода истодааст, моро бояд ба ҳамдилию тифоқӣ даъват намояд. Бо айби иддае аз тундравон, зӯргӯён дар шаҳри Хоруғ гирдиҳамоии ғайриқонунӣ доир гардида, гирдиҳамомадагон талаби истеъфои раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ, раиси ноҳияи Шуғнон, прокурори вилоятро карда, даст ба харобкорӣ заданд. Чун талаботи ғайриқонунии онҳоро ҷониби Ҳукумат напазируфт, онҳо вазъро боз ҳам муташанниҷ намуданд. Талабгорон, ки озодии як идда ҷавонони олами ҷиноиро мехостанд, чун ба мақсадашон нарасиданд, пас аз парокандагӣ бо истифода аз яроқҳо, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда буданд, роҳи байналмилалии “Душанбе – Кулма”-ро дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон бевосита дар наздихатти сарҳади давлатӣ бастанд. Ба ин кор ба онҳо зархаридони хориҷӣ низ ҳамроҳ шуданд. Онҳо мехостанд, амалҳои террористӣ анҷом дода, минтақа ва баъдан кулли ҷумҳуриро ба вартаи нооромӣ табдил диҳанд. Аз ин рӯ, мақомоти қудратии кишвар амалиёти вижаи зиддитеррористиро оғоз бахшиданд.
Аз тамоми сокинони ваҳдатшиори мамлакат даъват ба амал меорем, ки дар ин рӯзҳои ҳассос паҳлӯи давлат ва Ҳукумати кишвар бошанд, хосса аз мардуми сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъват ба амал меорем, ки ба ҳар гуна иғвову дасисаҳои гурӯҳи террористӣ бо роҳбарии Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дода нашаванд. Даъват ба “адолат”, “ҳақиқате”, ки иддае аз манфиатхоҳон мекунанд, фарҷоми хуб надорад. Онҳо ба ҷузъ аз манфиатҳои хоҷагони хориҷии худ ягон андешаи миллӣ надоранд. Барои онҳо мубаддал гардидани Тоҷикистон ба як кишвари ҷангзада беҳтар аст аз ҳама неъматҳо.

(далее…)

АМАЛИ ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ!

Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар остонаи ҷашни пуршукӯҳу фаромӯшношуданӣ ва таърихӣ қарор доранд. 27 июни соли 1997 дар саросари кишвар Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Воқеан, баҳам омаданҳо ва ваҳдату якдилӣ барои миллати ин сарзамини бостонӣ беҳтарин ганҷ ва сарвати бебаҳост. Инак, 25 сол мешавад, ки дар фазои Тоҷикистон сулҳу амният танинтандоз аст. Маҳз самараи сулҳ аст, ки Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро бо соири кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда, мардуми диёр барои боз ҳам ободу зебо гардидани ватани аҷдодии хеш меҳнати созандаро пешаи худ кардааст. Таъмини сулҳу салоҳи саросарии кишвар ва ваҳдату ягонагӣ боиси эҷоди заминаи боэътимоди рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гардидааст.
Сулҳи бебозгашти тоҷикон неъмати бебаҳои Парвардигор аст ва мо бояд ба қадри ин рӯзҳои хушу осуда ва сулҳу суботи кишвар бирасем. Имрӯз раванди ҳодисаҳои ҷаҳон ҳамаи моро ҳӯшдор медиҳад, ки аз бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи арзишҳои олии миллӣ ва таъмини амнияту оромии кишвар ҷаҳду талош намоем.
Дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари кишвар бо масъулияти баланд аз ҳаводиси воқеаҳои охири ҷаҳони имрӯз ёдовар гардида, таъкид менамояд:
«Мардуми шарифи Тоҷикистон масъулияти имрӯзу фардои кишвар, аз ҷумла ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамонро ба зиммаи мову шумо вогузор намудаанд. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки тамоми азму ирода ва нерӯву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар намоем».
Мутассифона, ҳаводиси охир, ки дар минтақаи Кӯҳистони Бадахшон рух дод, ҳар як шахси ватандӯсту худогоҳро бетараф гузошта наметавонад. Аз расонаҳои хабарӣ иттилоъ ёфтем, ки як гуруҳ ҷавонони гумроҳ бо сарварии Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дар маркази шаҳри Хоруғ даст ба гирдиҳамоӣ зада, талабҳои ғайриқонунӣ намуданд. Чун ба мақсадашон нарасиданд, дар такя бо хоҷагони хориҷии худ дар роҳи байналмилалии “Душанбе – Кулма”, аниқтараш дар ноҳияи Рӯшон ба амалҳои террористӣ оғоз намуданд. Онҳо бо яроқи оташфишоне, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон ворид карда буданд, ин шоҳроҳро баста, мехоҳанд минтақаро ноором кунанд. Албатта, ҳар кас ба сазои амали хеш хоҳад расид ва аллакай бо неруи тавоно афсарону сарбозони диловари Ватан чандин силоҳбадастон ва узви ин гуруҳи террористӣ мубориза оғоз ёфтааст.
Мо боварӣ дорем, ки оромию осудагии Тоҷикистонро ҳеҷ гуруҳ ва ё ҳеҷ шахсияте халалдор карда наметавонад. Барои ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмини амнияту осоиштагии Тоҷикистон дар кишвар тамоми шароит муҳайё мебошад. Неруҳои дохилӣ, амният ва мудофиаи кишвар дар ҳолати омодабош қарор доранд ва намегузоранд, кишвар ба гирдоби ҷангу ҷадалҳо тела дода шавад.
М. Ҳоҷибоева,
вилояти Суғд

БАРОИ МУТТАҲИДӢ КӮШЕМ

Дар сарнавишти ҳар як миллат рӯзҳои босаодат ва ҳамчунин ҳодисаҳои нобаҳангом зиёд сабт ёфтаанд. Барои миллати соҳибтамаддуни мо оғози солҳои навадум чун марҳилаи имтиҳони тақдир аз соҳибистиқлолӣ маҳсуб мешавад. Зеро ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ барои миллати мо хисороти зиёди моливу ҷонӣ овард. Агар хиради волои халқ, иродатмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат намебуд, кӣ медонист Тоҷикистон ба кадом варта меафтид. Аз эҳтимол дур набуд, ки чун кишвари ҷангзадаи Афғонистон тақдири миллат дар дасти хоҷагони бегона меафтод. Имрӯз сулҳи сар то сари, ваҳдату ҳамдилӣ ҳамраъйи мардум аст. Аммо ҳанӯз ҳам ҳастанд ношукрон, носипосоне ки мехоҳанд ин мулки оромро ба гирдоби ҷанг кашанд. Дар ин амали ноҷавонмардона муттаассифона, шабакаҳои иҷтимоӣ бештар фаъолноки зоҳир мекунанд, ки дур аз воқеият аст.
Сомонаҳои зиндониён. Ком, бомдод .ком ҳаводиси сиёсии вилояти Бадахшони куҳиро, ки чанд рӯз охир вазъияти номуташанниҷ дорад, яктарафа баҳогузорӣ мекунанд. Ҳол он ки бонуфузтарин шабакаҳои телевизиони Фаронса, Англия, Евронюс ва даҳҳои дигар онро воқеаи террористӣ арзёбӣ намуданд. Сухан дар бораи он меравад, ки дар шаҳри Хоруғ мувофиқи нақшаҳои қаблан тарҳрезишуда аз ҷониби шаҳрвандони вилоят бо роҳнамоии Муҳаммадбоқир Боқиров гирдиҳамоӣ рух дода онҳо талаби раҳоии зиндониён карда, ҳамзамон истеъфои Раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ, раиси ноҳияи Шуғнон ва прокурори вилоятро карданд. Чун муродашон ҳосил нашуд, бо нақшаи дигари худ дар шоҳроҳи Душанбе Кулма дар минтақаи Рӯшон роҳи байналмтлалиро баста, даст ба амали террористӣ заданӣ шуданд. Ба онҳо хоҷагони беруна яроқу силоҳи оташфишонро таъмин намуданд.дар натиҷаи задухӯрд аз ҷониби террористон 7 кушта ба ҷой гузошта шуд. Аммо пойгоҳи хабарии Бомдод ва Зиндониён онро 21 нафар эълон кард, ки хатои маҳз аст. Суоле ин ҷо бармеояд чаро Бадахшон ноамн аст? Магар сокинони ваҳдатшиори ин диёр ҳаққи ҳаёти хушу хуррамонаро надоранд? Ин суолест ки бояд «нафарони дилсуз» бояд ҷавоб гӯянд.
Дар ҳеҷ давру замон ҷанг паемади хуб надорад. Ҳоло волидоне ки фарзандонашон гумроҳона ба ин амал даст заданду имруз дар хоки сард нуҳуфтаанд, чӣ ҳол доранд.Бояд ҳар амалро санҷида бад ба он иқдом кард. Рӯзи гузашта ба қавли лидери сиёсӣ ин минтақа, ки мардумро ба гумроҳӣ мебурд, Муҳаммадбоқир Боқиров кушта шуд. Ва ин барои хоҷагон асос шуд, ки ҷониби давлат ва ҳукуматро гунаҳкор медонанд,. Аммо ин бахона дигар аст. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдати комил расем ва нагузорем, ки бо айби нохалафон вазъ ноором шавад.
Шӯҳрат Сатторов,
маорифи вилояти Суғд

Фазои орому осуда неъмат аст!

   Кишвари мо – Тоҷикистон роҷеъ ба муқобили терроризм ва муборизаи пайваста бурдан бо радикализм, ифротгароӣ дар ҷаҳон мавқеи хоси худро дорад. Дар яке аз ҳуҷҷатҳо пешниҳоди Тоҷикистон ба таври равшан сабт шудааст — диққати ҷомеаи ҷаҳонро ба ин проблема ҷалб карда, ҳанўз дар Вена дар Конгресси даҳуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирӣ намудани ҷинояткории трансмиллӣ мафҳуми дақиқ ва фарогири терроризм таъкид шуда буд. Вале на созмонҳои байналмилалӣ ва на кишварҳои гуногун то ҳол ба мафҳуми терроризм назари ягона надоранд.
    Ҳар яки мо – сокинони кишвар, новобаста аз синну сол, фарқияти ҷинсиву вазъи иҷтимоӣ ва мутааллиқоти динӣ зарур аст, ки алайҳи терроризму экстремизм муборизаи ҳамҷоя барем. Нагузорем, ки ҷавонони мо ба гурӯҳу ҳаракатҳои гуногун шомил шаванд, зеро Ватани моро ба ҷуз худи мо каси дигар обод намекунад.
Муҳаммадбоқиров Муҳаммадбоқир ба фиреби даъватҳои интернетии Алим Шерзавон дода шуда, ба сулҳу ваҳдат ва оромии як гӯшаи ватани азизи мо Бадахшони биҳиштосо фирефтаву нобасомонӣ андохт ва мехост барои мардуми азизи сарзаминамон хонавайрониву ҷудоиандозӣ оварад. Мо набояд фаромӯш созем, ки душманони нотавонбин ба макру ҳила мехоҳанд дастовардҳои беназир ва ободии Тоҷикистони соҳибистиқлолро халалдор созанд. Ин рафтор ғайриинсонӣ ва нодуруст аст.
   Якпорчагии Тоҷикистони азиз, фазои осудаву ором ва рушди иқтисодиёташ боиси ҳаёти хурраму обод ва дастархони пурнозу неъмат мебошад.
Ҳамон вақт модар сари гаҳвораи кӯдак аллаи ширадор мегӯяд, агар хотираш ҷамъ бошад.
Ҳамон вақт омӯзгор дар мактаб аз пайи таълими муҳассилин мешавад, агар ба фардои дурахшон бовар дошта бошад.
   Қомати болои пирон, хонаи ободи наварӯсон, хандаи тифлона аз ҳар гӯшаву канор танҳо дар фазои орому осуда ба миён меояд.
   Ҳамаи ин корҳо бе ширкати дастҷамъонаи мо алайҳи зуҳуроти номатлуб ва баборорандаи аламу дард, аз байн бурдани мутаассиботи динӣ ва мазҳабӣ дастрас нахоҳад шуд.
Бахтиёр Сарҳатов,
Раёсати маорифи вилояти Суғд

Нохалаф ба ҳадаф намерасад.

   Мо, кормандони маориф худро уҳдадор месозем ва вазифадор ҳастем, ки насли замони соҳибистиқлол – наврасону ҷавонони ин диёри саодатборамонро бо ифтихору сарбаландӣ дар рӯҳияи баланди ҳимоятгарони истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан ва амнияту ҷомеаро тарбият намуда, таълиму тадрис медиҳем.
   Аз остонаи мактаб, дар тадрисҳои беруназмактабию беруназсинфӣ ва иловагӣ корманди соҳаи маорифро эҳсоси касбӣ фаро мегираду гирифтааст, ки меҳанпарастӣ, садоқат ба Ватан, миллат, Президенти маҳбубамон, ҳимояи ҳар ваҷаб замини Тоҷикистони соҳибихтиёр, баланд бардоштани ҳувияти ворисият аз марзу буми мамлакат дар ниҳоди толибилмон, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳким бахшидани Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ гарму самимӣ сухан мегӯянд. Ин самти касбият, муҳаббат ва садоқати омӯзгории ҳар як фидоии мактабу маорифи миллӣ аст.
   Ҳангоми машғулиятҳои кушоди фаннӣ, инчунин дар бораи лаҳзаҳои таърихии таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон ва хизматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар бояд шуда, расидан ба қадри заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сулҳу суботи саросарӣ ва оромиву амнияти кишварро ба шуури онҳо зеҳннишин намудан вазифаи касбии ҳар як омӯзгор мебошад. Наврасону ҷавононро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват карда, дар қалби ҳар якашон эҳсоси ҳамешагии пойдории манфиатҳои миллӣ ва давлатиро афзун гардонидан ҳувияти касбии омӯзгорон ба ҳисоб меравад. Ин дар навбати худ уҳдадории ҳар як омӯзгор дар самти маорифи миллӣ мебошад.
   Омӯзгорони варзида ва соҳибэҳтироми вилоят бо афкору андешаҳои худ дар тарбияи ҳисси ватандӯстиву ваҳдатшиории наврасону ҷавонони саодатёри Ватан ширкат менамоянд. Дар ин масир дар барои таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корнамоиҳои фарзандони барӯманду фарзонаи Ватан, ҳифзи марзу бум, эҳтироми арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ифтихори ватандорӣ дарсҳои иловагии мақсаднок гузаронидани омӯзгорон ба ҳукми анъана даромадааст.
   Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлоли давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб меравад ва хизмат дар сафи Артиши миллӣ ифтихордори ҷавонони далеру бебоки Ватан маҳсуб ёфта, раванди тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, садоқат ба обу хоки диёри куҳантамаддуни тоҷик, дарси худшиносиву худогоҳии наврасон дар оғӯши муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла толибилмони вилояти Суғд сарчашмаи пок доранд..
    Дар оғӯши мактаб наврасонро барои хизмати Ватан – Модар омода намудан, тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ, дӯстиву бародарӣ ва рафоқати бегазанд толибилмонро ба ҳадафҳои накӯ, пурманфиат ва садоқатмандӣ бурда мерасонад.
    Бояд ба наврасон ҳушдор дод: Ватандӯстӣ сарномаи хоно дошта, дар ин масир Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 – юми феврали соли 1993 бо азму талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи хушку холӣ таъсис ёфта, марҳалаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гашта, мактаби ҷасоратмандӣ, дӯстиву рафоқати миллӣ шинохта шудааст.
   Дар ин росто, омӯзгорон, он касоне, ки баҳри ғановати маънавиёту донишу ҷаҳонбунёдии насли наврас камар бастаанд, уҳдадор ҳастанд, ки дар тарбияи маънавии ҷомеа ва баланд бардоштани мафкураи қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарастиву худшиносии миллӣ саҳму нақши созгор дошта бошанд. Омӯзгорони мо имрӯз ва ҳамарӯз вазифадор ҳастанд, ки баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои миллӣ ҳамаҷониба кӯшишу ғайрати худро сафарбар намуда, дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таҳкими ғояҳои ватандӯстӣ саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Ба тинати поку беолоиши наврасону ҷавонон рафтори нопоку разилона ва ғайриинсонии террористону гуруҳҳои ифротгарӣ, хоса рафтори нохалафонаи Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич
таъсири басе номатлуб гузошта, ба ташаккул ва ахлоқи онҳо нақши нобасомони тира мегузорад, ки мо онро маҳкум менамоем.
    Ақли солим, хиради воло, масъулияти дӯст доштани Ватан, падару модар аз ҳама азиз буда, ҳамеша пеши роҳи ифротгариро бояд гирем.
НАБИЗОДА М.
вилояти Суғд

ДАР ШАҲРИ ИСФАРА ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН БАРГУЗОР ГАРДИД

283273830_378835147623541_7992067517021824379_n   21-уми майи соли ҷорӣ дар Муассисаи таълимии байналмилалии “Контакт”-и шаҳри Исфара барои истиқоматкунандагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро баргузор гардид, ки дар он, инчунин, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказию роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

(далее…)