МО БА СУХАНОНИ ИҒВОГАРОЁН БОВАР НАМЕКУНЕМ !

Имрӯз миллати тоҷик шоҳиди он гардид, ки бадхоҳи касон ба мақсад нарасид. Ниятҳои нопокашон амалӣ нагардида, гуруҳи ҷиноятпеша нобуд гардид. Тоҷикистони азизи мо имрӯз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷумҳурӣ ба пешравиҳои хело назаррас ноил гашта истодааст.
Мо ҳеҷ гоҳ ба суханони бардуруғу иғвогароёна ва амалҳои нопоки Маҳмадбоқиру Шерзамонову Улфатхоним ва ҳаммаслаконашон фирефта намешавем, зеро мо ончи ки дар дохили ҷумҳурӣ шуда истодааст бо чашми сар дида истодаем. Бо нишондодҳои хоҷагони хориҷӣ ба террористу ифротгаро мубаддал гардиданд. Чи хеле, ки Пешвои миллат доим таъкид менамоянд «Терорист- миллат, дин ва мазҳаб надорад».
Яке аз воситаҳои асосии ба доми идеологияи нодуруст ҷалб намудани ҷавонони мо хусусан мардуми сарбаланди ВМКБ ин ҳуҷуми фарҳангӣ-иттилоотӣ аст, ки ба воситаи шабакаҳои гуногун, рӯзномаву маҷаллаҳо, садо ва симо ба роҳ монда мешавад. Гуруҳҳои манфиатҷӯе, ки дар хориҷ аз кишвар фаъолият доранд бо роҳу воситаҳои гуногун амнияти моро аз рӯи хислати ноҷавонмардона халалдор намоянд. Ҳастанд нафароне, ки андешаи миллии созанда надоранд ба доми чунин хоинони миллат афтода гумроҳ мешаванд. Хоҳиш карда мешавад, то ҳушёр бошанд ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд.
Дар ин замони пуртазод имрӯз бояд андешаву гуфтор ва рафтори ҳар фарди дилсӯзи миллат ба манфиати давлату арзишҳои миллӣ нигронида шуда бошад. Инсони дилсӯз дар Ватани хеш ободкориву созандагиро аз хонаву дари худ, кӯчаву маҳаллаи худ оғоз менамояд. Шукр, имрӯз чунин ҷавонони банангу номус кам нестанд. Вале, сад афсӯс, ки модари тоҷик баъзан мисли Муҳаммадбоқиру ҳаммаслаконаш барин шахсони носипосро ба дунё овардаву шир додааст, обу хоки ин Ватан ононро дар канораш парваридааст.
Беҳуда нафармудаанд:
Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.
АҲЛИ МАОРИФИ НОҲИЯИ АЙНӢ

БА ИҒВОВУ ДАСИСА ДОДА НАШАВЕМ!

Дар масири 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат бо талош ва саъю кӯшиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо аз давлатсозӣ ба давлатдории миллӣ собитқадамона гузашта, сатҳ ва зиндагии мардум куллан беҳтар гардид. Дар ин фосила 87 маротиба зиёд шудани музди маош ва 54 маротиба афзун шудани даромади аҳолӣ бозгӯи гуфтаҳои болоӣ мебошад.
Коршиносони масоили сиёсиву иқтисодӣ ҳадс мезананд, ки агар дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ намепайваст, хисороти моливу ҷонӣ намешуд, имрӯз мамлакати мо ба як давлати мутараққӣ мубаддал мегардид. Худи Сарвари давлат низ дар як суханрониашон низ таъкид дошта буданд, ки мо барои пешрафти мамлакат ва созанлагиву бунёдкорӣ шурӯъ аз соли 2000 -ум оғоз бахшидем. Пас имрӯз, ки мамлакати мо тӯли 20 сол ба чунин дастовардҳо ноил гардидааст, месазад барои корномаҳо ба халқ ва ба роҳнамоии халқ аҳсант гӯем.
Аммо ҷаҳони мутаммадин, қудратталабии давлатҳои абарқудрат вазъи сиёсии ҷаҳонро ҳассос намудааст. Мо аз вазъи сиёсии иқтисодии кишварҳои Шарқи Наздик ба хубӣ огаҳӣ дорем. Вазъият дар Ҷумҳурии Украина, ҳамсояи кишвари мо – Афғонистон ба ҳама маълум. Дар чунин вазъи нобасомонии ҷаҳон танҳо кишваре орӣ аз ин газандҳо мегардад, ки муттаҳиду тифоқ бошад. Таҷрибаи талхи аввали солҳои навадум ҳар як сокини кишвари моро ҳушдор медиҳад, ки ҳушёриву зиракии худро аз даст надиҳанд. Танҳо маърифати баланд, дӯст доштани обу хоки Ватан, ҳисси худшиносӣ метавонад, моро дар муқобили ин ҳама носозгориҳо эмин дорад.
Вазъе, ки имрӯз дар минтақаи Кӯҳистони Бадахшон рух дода истодааст, моро бояд ба ҳамдилию тифоқӣ даъват намояд. Бо айби иддае аз тундравон, зӯргӯён дар шаҳри Хоруғ гирдиҳамоии ғайриқонунӣ доир гардида, гирдиҳамомадагон талаби истеъфои раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ, раиси ноҳияи Шуғнон, прокурори вилоятро карда, даст ба харобкорӣ заданд. Чун талаботи ғайриқонунии онҳоро ҷониби Ҳукумат напазируфт, онҳо вазъро боз ҳам муташанниҷ намуданд. Талабгорон, ки озодии як идда ҷавонони олами ҷиноиро мехостанд, чун ба мақсадашон нарасиданд, пас аз парокандагӣ бо истифода аз яроқҳо, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда буданд, роҳи байналмилалии “Душанбе – Кулма”-ро дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон бевосита дар наздихатти сарҳади давлатӣ бастанд. Ба ин кор ба онҳо зархаридони хориҷӣ низ ҳамроҳ шуданд. Онҳо мехостанд, амалҳои террористӣ анҷом дода, минтақа ва баъдан кулли ҷумҳуриро ба вартаи нооромӣ табдил диҳанд. Аз ин рӯ, мақомоти қудратии кишвар амалиёти вижаи зиддитеррористиро оғоз бахшиданд.
Аз тамоми сокинони ваҳдатшиори мамлакат даъват ба амал меорем, ки дар ин рӯзҳои ҳассос паҳлӯи давлат ва Ҳукумати кишвар бошанд, хосса аз мардуми сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъват ба амал меорем, ки ба ҳар гуна иғвову дасисаҳои гурӯҳи террористӣ бо роҳбарии Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дода нашаванд. Даъват ба “адолат”, “ҳақиқате”, ки иддае аз манфиатхоҳон мекунанд, фарҷоми хуб надорад. Онҳо ба ҷузъ аз манфиатҳои хоҷагони хориҷии худ ягон андешаи миллӣ надоранд. Барои онҳо мубаддал гардидани Тоҷикистон ба як кишвари ҷангзада беҳтар аст аз ҳама неъматҳо.

(далее…)

АМАЛИ ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ!

Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар остонаи ҷашни пуршукӯҳу фаромӯшношуданӣ ва таърихӣ қарор доранд. 27 июни соли 1997 дар саросари кишвар Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Воқеан, баҳам омаданҳо ва ваҳдату якдилӣ барои миллати ин сарзамини бостонӣ беҳтарин ганҷ ва сарвати бебаҳост. Инак, 25 сол мешавад, ки дар фазои Тоҷикистон сулҳу амният танинтандоз аст. Маҳз самараи сулҳ аст, ки Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро бо соири кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда, мардуми диёр барои боз ҳам ободу зебо гардидани ватани аҷдодии хеш меҳнати созандаро пешаи худ кардааст. Таъмини сулҳу салоҳи саросарии кишвар ва ваҳдату ягонагӣ боиси эҷоди заминаи боэътимоди рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гардидааст.
Сулҳи бебозгашти тоҷикон неъмати бебаҳои Парвардигор аст ва мо бояд ба қадри ин рӯзҳои хушу осуда ва сулҳу суботи кишвар бирасем. Имрӯз раванди ҳодисаҳои ҷаҳон ҳамаи моро ҳӯшдор медиҳад, ки аз бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи арзишҳои олии миллӣ ва таъмини амнияту оромии кишвар ҷаҳду талош намоем.
Дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари кишвар бо масъулияти баланд аз ҳаводиси воқеаҳои охири ҷаҳони имрӯз ёдовар гардида, таъкид менамояд:
«Мардуми шарифи Тоҷикистон масъулияти имрӯзу фардои кишвар, аз ҷумла ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамонро ба зиммаи мову шумо вогузор намудаанд. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки тамоми азму ирода ва нерӯву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар намоем».
Мутассифона, ҳаводиси охир, ки дар минтақаи Кӯҳистони Бадахшон рух дод, ҳар як шахси ватандӯсту худогоҳро бетараф гузошта наметавонад. Аз расонаҳои хабарӣ иттилоъ ёфтем, ки як гуруҳ ҷавонони гумроҳ бо сарварии Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дар маркази шаҳри Хоруғ даст ба гирдиҳамоӣ зада, талабҳои ғайриқонунӣ намуданд. Чун ба мақсадашон нарасиданд, дар такя бо хоҷагони хориҷии худ дар роҳи байналмилалии “Душанбе – Кулма”, аниқтараш дар ноҳияи Рӯшон ба амалҳои террористӣ оғоз намуданд. Онҳо бо яроқи оташфишоне, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон ворид карда буданд, ин шоҳроҳро баста, мехоҳанд минтақаро ноором кунанд. Албатта, ҳар кас ба сазои амали хеш хоҳад расид ва аллакай бо неруи тавоно афсарону сарбозони диловари Ватан чандин силоҳбадастон ва узви ин гуруҳи террористӣ мубориза оғоз ёфтааст.
Мо боварӣ дорем, ки оромию осудагии Тоҷикистонро ҳеҷ гуруҳ ва ё ҳеҷ шахсияте халалдор карда наметавонад. Барои ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмини амнияту осоиштагии Тоҷикистон дар кишвар тамоми шароит муҳайё мебошад. Неруҳои дохилӣ, амният ва мудофиаи кишвар дар ҳолати омодабош қарор доранд ва намегузоранд, кишвар ба гирдоби ҷангу ҷадалҳо тела дода шавад.
М. Ҳоҷибоева,
вилояти Суғд

БАРОИ МУТТАҲИДӢ КӮШЕМ

Дар сарнавишти ҳар як миллат рӯзҳои босаодат ва ҳамчунин ҳодисаҳои нобаҳангом зиёд сабт ёфтаанд. Барои миллати соҳибтамаддуни мо оғози солҳои навадум чун марҳилаи имтиҳони тақдир аз соҳибистиқлолӣ маҳсуб мешавад. Зеро ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ барои миллати мо хисороти зиёди моливу ҷонӣ овард. Агар хиради волои халқ, иродатмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат намебуд, кӣ медонист Тоҷикистон ба кадом варта меафтид. Аз эҳтимол дур набуд, ки чун кишвари ҷангзадаи Афғонистон тақдири миллат дар дасти хоҷагони бегона меафтод. Имрӯз сулҳи сар то сари, ваҳдату ҳамдилӣ ҳамраъйи мардум аст. Аммо ҳанӯз ҳам ҳастанд ношукрон, носипосоне ки мехоҳанд ин мулки оромро ба гирдоби ҷанг кашанд. Дар ин амали ноҷавонмардона муттаассифона, шабакаҳои иҷтимоӣ бештар фаъолноки зоҳир мекунанд, ки дур аз воқеият аст.
Сомонаҳои зиндониён. Ком, бомдод .ком ҳаводиси сиёсии вилояти Бадахшони куҳиро, ки чанд рӯз охир вазъияти номуташанниҷ дорад, яктарафа баҳогузорӣ мекунанд. Ҳол он ки бонуфузтарин шабакаҳои телевизиони Фаронса, Англия, Евронюс ва даҳҳои дигар онро воқеаи террористӣ арзёбӣ намуданд. Сухан дар бораи он меравад, ки дар шаҳри Хоруғ мувофиқи нақшаҳои қаблан тарҳрезишуда аз ҷониби шаҳрвандони вилоят бо роҳнамоии Муҳаммадбоқир Боқиров гирдиҳамоӣ рух дода онҳо талаби раҳоии зиндониён карда, ҳамзамон истеъфои Раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ, раиси ноҳияи Шуғнон ва прокурори вилоятро карданд. Чун муродашон ҳосил нашуд, бо нақшаи дигари худ дар шоҳроҳи Душанбе Кулма дар минтақаи Рӯшон роҳи байналмтлалиро баста, даст ба амали террористӣ заданӣ шуданд. Ба онҳо хоҷагони беруна яроқу силоҳи оташфишонро таъмин намуданд.дар натиҷаи задухӯрд аз ҷониби террористон 7 кушта ба ҷой гузошта шуд. Аммо пойгоҳи хабарии Бомдод ва Зиндониён онро 21 нафар эълон кард, ки хатои маҳз аст. Суоле ин ҷо бармеояд чаро Бадахшон ноамн аст? Магар сокинони ваҳдатшиори ин диёр ҳаққи ҳаёти хушу хуррамонаро надоранд? Ин суолест ки бояд «нафарони дилсуз» бояд ҷавоб гӯянд.
Дар ҳеҷ давру замон ҷанг паемади хуб надорад. Ҳоло волидоне ки фарзандонашон гумроҳона ба ин амал даст заданду имруз дар хоки сард нуҳуфтаанд, чӣ ҳол доранд.Бояд ҳар амалро санҷида бад ба он иқдом кард. Рӯзи гузашта ба қавли лидери сиёсӣ ин минтақа, ки мардумро ба гумроҳӣ мебурд, Муҳаммадбоқир Боқиров кушта шуд. Ва ин барои хоҷагон асос шуд, ки ҷониби давлат ва ҳукуматро гунаҳкор медонанд,. Аммо ин бахона дигар аст. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдати комил расем ва нагузорем, ки бо айби нохалафон вазъ ноором шавад.
Шӯҳрат Сатторов,
маорифи вилояти Суғд

Фазои орому осуда неъмат аст!

   Кишвари мо – Тоҷикистон роҷеъ ба муқобили терроризм ва муборизаи пайваста бурдан бо радикализм, ифротгароӣ дар ҷаҳон мавқеи хоси худро дорад. Дар яке аз ҳуҷҷатҳо пешниҳоди Тоҷикистон ба таври равшан сабт шудааст — диққати ҷомеаи ҷаҳонро ба ин проблема ҷалб карда, ҳанўз дар Вена дар Конгресси даҳуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирӣ намудани ҷинояткории трансмиллӣ мафҳуми дақиқ ва фарогири терроризм таъкид шуда буд. Вале на созмонҳои байналмилалӣ ва на кишварҳои гуногун то ҳол ба мафҳуми терроризм назари ягона надоранд.
    Ҳар яки мо – сокинони кишвар, новобаста аз синну сол, фарқияти ҷинсиву вазъи иҷтимоӣ ва мутааллиқоти динӣ зарур аст, ки алайҳи терроризму экстремизм муборизаи ҳамҷоя барем. Нагузорем, ки ҷавонони мо ба гурӯҳу ҳаракатҳои гуногун шомил шаванд, зеро Ватани моро ба ҷуз худи мо каси дигар обод намекунад.
Муҳаммадбоқиров Муҳаммадбоқир ба фиреби даъватҳои интернетии Алим Шерзавон дода шуда, ба сулҳу ваҳдат ва оромии як гӯшаи ватани азизи мо Бадахшони биҳиштосо фирефтаву нобасомонӣ андохт ва мехост барои мардуми азизи сарзаминамон хонавайрониву ҷудоиандозӣ оварад. Мо набояд фаромӯш созем, ки душманони нотавонбин ба макру ҳила мехоҳанд дастовардҳои беназир ва ободии Тоҷикистони соҳибистиқлолро халалдор созанд. Ин рафтор ғайриинсонӣ ва нодуруст аст.
   Якпорчагии Тоҷикистони азиз, фазои осудаву ором ва рушди иқтисодиёташ боиси ҳаёти хурраму обод ва дастархони пурнозу неъмат мебошад.
Ҳамон вақт модар сари гаҳвораи кӯдак аллаи ширадор мегӯяд, агар хотираш ҷамъ бошад.
Ҳамон вақт омӯзгор дар мактаб аз пайи таълими муҳассилин мешавад, агар ба фардои дурахшон бовар дошта бошад.
   Қомати болои пирон, хонаи ободи наварӯсон, хандаи тифлона аз ҳар гӯшаву канор танҳо дар фазои орому осуда ба миён меояд.
   Ҳамаи ин корҳо бе ширкати дастҷамъонаи мо алайҳи зуҳуроти номатлуб ва баборорандаи аламу дард, аз байн бурдани мутаассиботи динӣ ва мазҳабӣ дастрас нахоҳад шуд.
Бахтиёр Сарҳатов,
Раёсати маорифи вилояти Суғд

Нохалаф ба ҳадаф намерасад.

   Мо, кормандони маориф худро уҳдадор месозем ва вазифадор ҳастем, ки насли замони соҳибистиқлол – наврасону ҷавонони ин диёри саодатборамонро бо ифтихору сарбаландӣ дар рӯҳияи баланди ҳимоятгарони истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан ва амнияту ҷомеаро тарбият намуда, таълиму тадрис медиҳем.
   Аз остонаи мактаб, дар тадрисҳои беруназмактабию беруназсинфӣ ва иловагӣ корманди соҳаи маорифро эҳсоси касбӣ фаро мегираду гирифтааст, ки меҳанпарастӣ, садоқат ба Ватан, миллат, Президенти маҳбубамон, ҳимояи ҳар ваҷаб замини Тоҷикистони соҳибихтиёр, баланд бардоштани ҳувияти ворисият аз марзу буми мамлакат дар ниҳоди толибилмон, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳким бахшидани Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ гарму самимӣ сухан мегӯянд. Ин самти касбият, муҳаббат ва садоқати омӯзгории ҳар як фидоии мактабу маорифи миллӣ аст.
   Ҳангоми машғулиятҳои кушоди фаннӣ, инчунин дар бораи лаҳзаҳои таърихии таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон ва хизматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар бояд шуда, расидан ба қадри заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сулҳу суботи саросарӣ ва оромиву амнияти кишварро ба шуури онҳо зеҳннишин намудан вазифаи касбии ҳар як омӯзгор мебошад. Наврасону ҷавононро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват карда, дар қалби ҳар якашон эҳсоси ҳамешагии пойдории манфиатҳои миллӣ ва давлатиро афзун гардонидан ҳувияти касбии омӯзгорон ба ҳисоб меравад. Ин дар навбати худ уҳдадории ҳар як омӯзгор дар самти маорифи миллӣ мебошад.
   Омӯзгорони варзида ва соҳибэҳтироми вилоят бо афкору андешаҳои худ дар тарбияи ҳисси ватандӯстиву ваҳдатшиории наврасону ҷавонони саодатёри Ватан ширкат менамоянд. Дар ин масир дар барои таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корнамоиҳои фарзандони барӯманду фарзонаи Ватан, ҳифзи марзу бум, эҳтироми арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ифтихори ватандорӣ дарсҳои иловагии мақсаднок гузаронидани омӯзгорон ба ҳукми анъана даромадааст.
   Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлоли давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб меравад ва хизмат дар сафи Артиши миллӣ ифтихордори ҷавонони далеру бебоки Ватан маҳсуб ёфта, раванди тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, садоқат ба обу хоки диёри куҳантамаддуни тоҷик, дарси худшиносиву худогоҳии наврасон дар оғӯши муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла толибилмони вилояти Суғд сарчашмаи пок доранд..
    Дар оғӯши мактаб наврасонро барои хизмати Ватан – Модар омода намудан, тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ, дӯстиву бародарӣ ва рафоқати бегазанд толибилмонро ба ҳадафҳои накӯ, пурманфиат ва садоқатмандӣ бурда мерасонад.
    Бояд ба наврасон ҳушдор дод: Ватандӯстӣ сарномаи хоно дошта, дар ин масир Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 – юми феврали соли 1993 бо азму талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи хушку холӣ таъсис ёфта, марҳалаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гашта, мактаби ҷасоратмандӣ, дӯстиву рафоқати миллӣ шинохта шудааст.
   Дар ин росто, омӯзгорон, он касоне, ки баҳри ғановати маънавиёту донишу ҷаҳонбунёдии насли наврас камар бастаанд, уҳдадор ҳастанд, ки дар тарбияи маънавии ҷомеа ва баланд бардоштани мафкураи қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарастиву худшиносии миллӣ саҳму нақши созгор дошта бошанд. Омӯзгорони мо имрӯз ва ҳамарӯз вазифадор ҳастанд, ки баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои миллӣ ҳамаҷониба кӯшишу ғайрати худро сафарбар намуда, дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таҳкими ғояҳои ватандӯстӣ саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Ба тинати поку беолоиши наврасону ҷавонон рафтори нопоку разилона ва ғайриинсонии террористону гуруҳҳои ифротгарӣ, хоса рафтори нохалафонаи Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич
таъсири басе номатлуб гузошта, ба ташаккул ва ахлоқи онҳо нақши нобасомони тира мегузорад, ки мо онро маҳкум менамоем.
    Ақли солим, хиради воло, масъулияти дӯст доштани Ватан, падару модар аз ҳама азиз буда, ҳамеша пеши роҳи ифротгариро бояд гирем.
НАБИЗОДА М.
вилояти Суғд

Сарзамину мулки соҳибдилон

    Тоҷикистон мулки соҳибихтиёр, демократи комилҳуқуқ ва ягона мебошад. Сулҳи он пойдор ва ваҳдату ягонагиаш бо талошу заҳматҳои мардуми башардӯсташ устувору ҷовидон хоҳад монд. Зеро ин сарзамину мулки соҳибдилону равшанзамирон аст, мулки озоду обод аст, мулке аст, ки бар ивази ҷони ҷасурмардону ватандӯстон ба мустақилияти воқеи шарафёб гардадааст.
    Кишвари мо ба яке аз давлатҳои пешқадам ва пешрафта табдил ёфтааст, дорои иқтидори бузурги тавлиди нерӯи барқ, заводҳои муқтадир, иншоотҳои баланд ва зебо, мардумони поку адолатпешаву босиришт, меҳмондӯсту меҳмоннавоз, аз ҷиҳати иқтисоди пешрафта, дорои сангҳо ва сарчашмаҳои бойю ғанӣ, ҷойгузин ва тамошоҷойи миллионҳо нафар хориҷиён аз Шарқу Ғарб ва аз Шимолу Ҷануб мебошад.
    Имрӯз мо бояд донем, Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст бо заҳмату талошҳои хело зиёд ба даст омадааст ва ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст. Ҳамватанони азизи мо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бояд барои пешравии миллатамон саҳмгузор бошанд, зеро ин омил боиси пайваста нусрат ёфтани миллати тоҷдори тоҷик, пойдор мондани истиқлолият хоҳад шуд, дар ҳамин замина тамоми мардуми миллатамон бо сарфарозӣ аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи сиёсати ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоранд.
   Вобаста ба гиромидошти дастоварди бузурги халқу миллати тоҷик – Ваҳдати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон таъкид доштанд: “Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати куҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандию қарзи фарзандӣ дониста, ба халадор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад”.
Ин садои дили банда аст, ки дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 25 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баланд шуда, пойдории ин неъмати бебаҳоро ба ҳамдиёрони азиз талқин менамоям.

Сабақи арзишманд

     Таҷриба ва омилҳои сулҳи тоҷикон ба ақсои олам собит сохт, ки миллати тоҷик дорои фарҳангу тамаддун ва таърихи бою рангин буда, бо такя ба хиради азалии халқи соҳибфазилат ба даргириҳои дохилӣ хотима бахшид, кишварро аз харобӣ, миллатро аз парокандагӣ, Ватани маҳбубро аз нобудӣ наҷод дод ва бо ҳамин намунаи беназиру қиёснопазири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар равшану болиғ, бунёдӣ ва комил нишон дод.
    Мардуми сарбаланди тоҷик дар зарфи 25-соли пойдории Ваҳдати миллӣ ба дастовардҳои беназирии иқтисодӣ комёб гардиданд. Баъди ба даст овардани сулҳ ва ризояти миллӣ, новобаста аз мушкилот, дар натиҷаи чораҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон мамалакати соҳибистиқлоламон ба марҳалаи рушд ворид шуд ва самараи суръат бахшидани корҳои ободониву бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо пешрафти бо суботи иқтисодиёт ба даст омада, сатҳи зинадагии мардум боло рафт.
Ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор аз ин Ватану миллат менамоям, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, Ваҳдати миллӣ ва фазои орому осоишта умр ба сар бурда, дар соҳаи маорифи миллӣ фаъолият дошта, аз неъматҳои бузурги Ватани аҷдодӣ ва биҳиштосо истифода мебарам.
    Маҳз, дар даврони соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ Ҳукумати кишварамон бо ҳидоятҳои бунёдии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба иҷрои се ҳадафи стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ равона сохт, ки имрӯз натиҷаҳои назаррас ба бор оварда, ҷомеаи муосирамон аз он бархурдор буда, некӯаҳволии сокинони диёрамон дар раванди рушду таҳким қарор гирифтааст. Ва ҳоло ҳадафи чоруми стратегии давлат – саноатикунонии босуръати мамлакат бо ташаббус, иқдом ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат сарчашма гирифта, давра ба давра амалӣ шуда истодааст.
    Агар ба гузашта бо чашми хираду тафаккури воло бингарему таҳлил намоем, мебинем, ки ҳамаи ин дастовардҳо, пеш аз ҳама, ҳосили талошҳо ва азму суботи шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Саҳифаҳои таърих бозгӯянд: солҳои 90-уми асри гузашта мардум раванди худшиносӣ ва худогоҳиро ба таври худ фаҳмиданд ва ин омил ба парокандагии ҷомеа оварда расонд ва ин таҳаввулот ба кишвари тозаистиқлоламон таъсири хулро расонд. Сабаби асоси он сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангию мафкураи маҳдуди мардум, боло гузоштани манфиати шахсиву гурӯҳӣ аз манофеи давлату миллат буд.
    Он айём – давоми беш аз се сол ҳашт даври музокироти сулҳу суботи тоҷикон, бисту як мулоқоти расмиву даҳҳо вохӯриҳои ғайрирасмӣ анҷом дода шуданд, ки ҳадафи асосӣ таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсиву иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ, ҳарчӣ зудтар ба Ватан баргардондани гурезаҳо ва сарҷамъ намудани миллати парешонгаштаи тоҷик буд. Имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки тоҷикон дар ҳақиқат яке аз миллатҳои куҳанбунёду мутамаддину хирадманду фарҳангпарвар мебошанд.
    Солҳои нахусти соҳибистиқлолӣ ва минбаъд дар ду даҳсолаи аввал мардуми тоҷик марҳалаҳои пурпечутоби таърихи навини худро паси сар намуда, дар ин раванд бо санҷишҳои зиёде рӯ ба рӯ гаштанд. Раво-раво аз буҳрони шадиди иқтисодии солҳои навадуми асри гузашта раҳоӣ ёфта, ба кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёбанда табдил гардидани кишварамон ин ҳосили ваҳдату сарҷамъист.
Айни замон эҳсос мешавад: Тоҷикистони соҳибистиқлол бо рушди иқтисодию иҷтимоӣ мавқеи байналмилалии худро мустаҳкам намуд ва нуфузу ҷойгоҳи он дар равандҳои муосири ҷаҳонӣ баланд гашт, ки ҳамаи ин аз файзу баракати Ваҳдати миллист.
    Бо чашми дил эҳсос менамоем, ки тӯли 25-соли Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарҳангпарвари мо марҳалаи бобарор ва пурифтихор буда, дар заминаи боэътимоди сулҳу оштии миллӣ ва заҳамату фаъолияти пурсамари сокинони мамлакат ҳазорҳо иншооти таъйиноти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангию варзишӣ, дар ин ҷараён садҳо ва садҳо муассисаҳои замонавии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ ба истифода дода шуданд. Бунёди дигар иншоотҳо давом дорад, ки ин ҳама неъмати соҳибистиқлолӣ ва файзи Ваҳдати миллӣ мебошанд.
    Дар ин масир ҳамчун маорифчӣ ҳамкасбони худро бар он даъват менамоям, ки дар шароити ҳассоси ҷаҳони муосир арзишҳои бузурги миллиро аз манофеи фардиву гурӯҳӣ боло гузорем ва дар пойдорию таҳкими суботи сиёсӣ, сулҳу Ваҳдати миллӣ саҳми муносиби хешро гузорем. Ҷавонону наврасони мо бояд аз файзу арзишҳои Ваҳдати миллӣ масъулияти бештаре бардоранд ва дар ин раванд омӯзгорон нақши арзанда дошта бошанд.

Андар роҳи худшиносӣ бошем

    Терроризм ва экстремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.
    Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Имрӯз масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои асосии хусусияти ҷаҳонидошта пайдо кардааст. Ин вабои аср ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он беканор намондааст.
Имрӯз халқ шоҳиди он гардидааст, ки чӣ гуна терроризми байналмиллалӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро таҳти ливои сиёсии моҷароҷӯӣ ва таассуби динӣ амалӣ мегардонад.
     Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст.
Ифротгароӣ дар кадом шакл, ки бошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Бинобар он ҳамеша ҳушёру зирак будан шарт аст.
    Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.
Мо омӯзгорон ҳамеша терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Хонандагонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, ба роҳи дуруст ҳидоят менамоем Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем.
         Ба хонандагон талқин менамоем, ки андар роҳи худшиносӣ устуворона қадам гузоранд.
Ситора Ҷӯраева,
омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи
Литсейи Донишкадаи политехникии
шаҳри Хуҷанд ба номи М.Осимӣ

Амалҳои некро бо қалб бишносем!

    Коршиносон ва ҷомеашиносон бар он назаранд: зуҳуроти номатлуби бунёдгароӣ ё худ фундаментализм, тундгароӣ – ба ифодаи дигар радикализм, ифротгароӣ – ин экстремизм ва даҳшатафканӣ ва ё худ бо ибораи маъмул – терроризм ин ҳама аз маҳрумиятҳои фикрӣ, андеша, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ асос мегирад, оқибат решаи пӯсида дорад. Ва қишрҳои камфаъол ё худ бо ибораи рехта – танбалу худхоҳ ва камзарфияти иҷтимоӣ ба ин гурӯҳҳои аз ҷиҳати ирода суст шомил мешаванд. Ва дар натиҷаи амалҳои ғайриинсонии худ миёни ҷомеа, бахусус, қишрҳои осебпазири иҷтимоӣ зӯровариву бадбинӣ, истибдод ва хушунат тавлид месозанд.
    Бино ба таъкиди коршиносон – ифротгароии динӣ маҳсули фарҳанги номукаммал ва натиҷаи ҷаҳолати мардумист.
Ҳаёти воқеӣ собит месозад, ки одатан ҷавонон аз надоштани дониш, фаҳмиш, биниш ва кӯшиш ноогоҳона ба ҷараёнҳои ифротгароиву инсонбадбинӣ ҷалб мешаванд. Ва билохира, дар зеҳну шуурашон пур карда шудани ифроту хурофотро худ нафаҳмида, оқибат ба роҳи сарбаста банд мегарданд. Рӯйсиёҳон ба Ватан – модар, давлат ва халқу миллати хеш хиёнат мекунанд. Онҳоро мардум нобахшидаанду ҳеҷ намебахшанд.
Вазифаи мо чунин будаву ҳаст: ҷавононро ба роҳи росту мақсадҳои наҷиб раҳнамоӣ намоем. Саҳифаҳои таърих бозгӯянд: ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, дар мақсадҳои шум ва фаъолияти зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик аст, яъне ӯ бевосита даар муқобили давлати худ, бар зидди Ватани худ ва дар душманӣ ба миллати худ қарор мегирад. Ҳамин тавр, ӯ бо тамоми маънояш хоини Ватан ва лаънаткардаи халқ мешавад.
    Омӯзиш ва таҳлилҳо собит менамоянд, ки аз фориғболии бархе падару модар ва роҳбарону кормандони муассисаҳои таълимӣ истифода бурдан, аз тақдиру ояндаи фарзандони худ бетафовутӣ ҷой доранд. Мутаассифона, падару модароне низ ҳастанд, ки ба ҳаёти фарзандони худ мароқ надоранд.
Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз 2-уми августи соли 2011 аз он шаҳодат медиҳад, ки тамоми аҳли ҷомеа – падару модарон, омӯзгорон ва дигар мақомоту муассисаҳои дахлдор дар тарбияи насли навраси ҷомеа масъулияти ҷиддиро эҳсос намуда, дар амалӣ гаштани он саҳми назарраси худро гузоранд.
     “Илмат ба амал чу ёр гардад…” – гуфтани бузургони каломи бадеъ басо муҳим дар ҳар давру замон дониста шудааст. Ва ё худ мутафаккирони бузурги аҳди қадим камолоту рушду рукуди ҷомеаро ба парваришу омилҳои рӯҳияи ҷавонон мансуб медонистанд.
    Муҳимтарин вазифаи омӯзгор аз ҳама пештару бештар ба омӯзиши ҳамаҷониба машғул шуданду расонидани андӯхтаву гирдоварандаи хеш ба дигарон мебошад. Мегӯянд, ҳар амал аввалу охир дорад. Дар ҳар замон донишу хирад вологавҳар аст. Бинобар ҳамин ҳам ҷавононро ҳамеша дар руҳияи меҳанпарварӣ, содиқ будан ба давлат, Ватану миллати куҳантамаддун тарбия намудан қарзи виҷдонии ҳар як фарди дилогоҳ мебошад.
    Ҷомеа тарбиятгари инсон буда, барои ҳар фарди худогоҳ мактаби бузург аст. Фарзандони вафодору садоқатпешаи ҷомеаи муосири мо имрӯз вафодори Ватану миллат ҳастанд. Онҳоро ҳаёт тақозо дорад, ки дар рушду такомули диёри арҷмандамон саҳм гузошта бошанд. Барои пешрафту шукуфоии он ҳиссагузорӣ намоянд. Ватандӯстӣ шарафмандист, масъулият аст ва баҳри ҳифзу оромии Ватан пайваста ҷидду ҷаҳд кардани ҷавонону наврасони диёр саодат, муҳаббат, ваҳдату шарафёр бувад. Дар ин росто мактабу маорифчиёни вилоятамон дар таълиму тарбияи ҳомиёни фардои Ватан ҳамеша комёбанд.
Ғафурҷон АМИНОВ,
сармуҳаррири нашрияи “Маорифи Суғд”,
узви ИЖТ