Тибқи нақша дар ФМДДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд бо иштироки 24 нафар шунавандагон курси такмили ихтисоси мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мавзуъи “Баланд бардоштани савияи дониши касбии мураббиёни томактабӣ” оғоз гардид.
Машғулиятҳоро лекторон – омӯзгорони калони донишкада М. Ҷӯраева, М.Раҳимова, Г.Зокирбоев. бо истифодаи маводҳои пешакӣ таҳияшуда ва барномаҳои аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда гузаронида, ба мураббиён дар ҳалли мушкилоти соҳа маслиҳатҳо доданд. Омӯзгорони донишкада дар мавзуъҳои “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати давлат дар соҳаи маориф”, “Такмили маҳорати педагогӣ, методикаи умумии таълим”, “Ҳуҷҷатнигорӣ” ва ғайра бо шунавандагон машғулиятҳои шавқовар гузарониданд.