Дар озмуни довталабони аттестати аълои унверсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестатӣ аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра, ки дар таърихи 19 — 20 июли соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ду нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии вилоят бо аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ ва медали тилло, чор нафар хатмкунандагони литсейи № 1 -и шаҳри Хуҷанд бо аттестати равияи табиӣ-риёзӣ ва медали нуқра сазовор гардиданд. Инчунин 5 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии вилоят барои иштироки фаъолона дар озмун бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд.