Аз 25 октябр то 3 ноябр дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия бо ширкати 1000 нафар хонандагон аз 14 давлати ҷаҳон аз фанҳои химия, биология, забони англисӣ, география ва математика олимпиадаи байналмилалӣ доир гардид.
Шарафи вилояти моро дар ин озмуни бонуфуз 26 нафар хонандагони болаёқат таҳти роҳбарии сарвари Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят Дилбар Исмоилова ҳимоя карданд. Хонандагони вилоят бо дарёфти 13 ҷойи аввал, 5 ҷои дуюм ва 8 ҷойи сеюм миёни давлатҳои ширкатварзида ҷои намоёнро ишғол намуда, ҳамчунин дар олимпиадаи даставӣ аз фанни биология соҳиби Ҷоми олимпиада гардиданд.
Дар ин дастоварди назаррас саҳми хонандагони муасссисаҳои таълимии шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон, ки бештар ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, хеле калон аст.
Абдусабури Абдуваҳҳоб,
“Дурахшандагон”