Дар толори Теари мусиқии драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт санаи 18-уми майи соли равон даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир гардид.
Озмун аз рӯйи 5 номинатсия ҷараён гирифт, ки дар он 233 нафар хонандагон, омӯзгорон ва намояндагони муассисаҳои гуногун иштирок намуданд. Дар ин сабқати донишу маърифат ва ҷаҳонбинӣ намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.Амиров ва муовини раиси ноҳия А.Ҷалилӣ, мудири шуъбаи маорифи ноҳия М.Ҳайдарзода ширкат намуда, иштирокчиёни чорабиниро табрик гуфта, барояшон ғолибият ва сарфарозӣ таманно карданд.
Озмуни мазкур, ки дунёи маънавиро ғановат мебахшад, санаҳои 18-19 майи соли равон ҷараён гирифт.